arzon replenishment
Русия ба мактаббачаҳои тоҷик кӯмаки ғизоӣ фиристод
842


Мактаббачаҳои тоҷик минбаъд дар мактаб бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.

Outcome_3 (2)Кӯмакҳои ғизоӣ, ки барои мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи чанд минтақа равона шуда буд, аллакай ба Тоҷикистон ворид карда шудаанд...

Тибқи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ ва кӯмаки молии Федератсияи Русия ба Тоҷикистон 948,50 тонна орди гандуми ғанигардонидашудаи истеҳсоли Русия ворид карда шудааст, ки аз он 609,75 тоннааш ба мактабҳои шаҳри Душанбе ва 338,75 тоннааш ба Хуҷанд фиристода мешавад. Дар назар аст, ки то охири моҳи апрел ба Тоҷикистон аз Русия боз маводи ғизоии иловагӣ, аз қабилӣ 1354,50 тонна орд, 60 тонна равғани офтобпараст ва 67 тонна нахӯди зард ворид карда шавад, ки барои омода намудани хӯроки гарм баҳри хонандагони синфи 1-4-и мактабҳои деҳот истифода хоҳад шуд.

4
«Ин кумак аз рӯи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ , ки саҳми Федератсияи Русия дар он назаррас мебошад, бо харҷи 2 миллион доллар имконпазир гардид. Мо насли навраси Тоҷикистонро бо ғизои солими мактабӣ, ки барои рушди мутаносиб ва таҳсилоти таълимӣ муҳим аст, дастгирӣ менамоем,-мегӯяд сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Фролов.
Барномаи ғизои мактабӣ калонтарин лоиҳаи Барномаи озуқавории Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз соли 2013 аз ҷониби Федератсияи Россия маблағгузорӣ кард мешавад. Дар доираи он хонандагони синфҳои аз 1 то 4 аз 2000 мактаби 52 ноҳия ва шаҳру шаҳракҳои и ҷумҳурӣ мунтазам бо хӯроки гарми солим таъмин карда мешаванд. Дар соли 2021 муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор тонна маводи ғизоӣ дарёфт карданд, ки имкон дод ҳудуди 440 ҳазор хонандаи мактаб бо ғизо таъмин гарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД