Зодаи шаҳри Кӯлобам. Бо шавҳарам чор сол зиндагӣ карда, ҷудо шудам. Дилам аз мардҳо чунон хунук шуд, ки қарор додам дигар шавҳар намекунам ва ба ҳар номард мӯҳтоҷ нашуда, се фарзандамро худам мехӯронаму мепӯшонам.
Бо мурури солҳо духтаронамро бо азобҳои алим қадрас намудам. Хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо дар бораи келин кардани духтарҳоям тез-тез гап мекушоданд, вале ман гӯшамро ба карӣ мезадам, чунки барояшон ҷиҳоз ҷамъ накарда будам. Чор танга пуле, ки меёфтам, танҳо барои хӯрондану пӯшонданашон мерасиду халос! Модарам маро насиҳат карда гуфтанд, ки бо навмед кардани хостгорон ҷиҳоз худ аз худ пайдо намешавад ва маслиҳат доданд, ки Русия рафта, пул кор кунаму тезтар фарзандонамро ба хонаи бахташон гусел намоям. Розӣ шуда чипта харидам. Як дугонаам дар Русия кор мекард ва мани содда назди ҳамон маккора рафтам. Корамон савдогарӣ буд ва пули хуб кор мекардам. Дар байн ногоҳ модарам бемор шуд ва ба ман занг зада, хоҳиш карданд, ки зудтар ба хона баргардам. Рӯзи чиптахарӣ дугонаам Саодат ҳамроҳам ба фурудгоҳ омад ва аз як шиносаш, ки дар он ҷо кор мекардааст, хоҳиш кард, ки барои зудтар ба Ватан баргаштан ба ман кӯмак расонад. Онҳо ба як гӯшаи дигар рафта хеле чақ-чақ карданд. Ростӣ, дар чи хусус гап заданашонро нашунидам, вале баъди чанде «Масъала ҳал шуд, бегоҳ ба хонаат мерасӣ» гӯён, маро дилпур намуд. Корамро ба дугонаам супорида омада будам, бинобар ин, баъди модарамро табобат намуда, ба по бархезонидан азм кардам, ки боз ба Русия меравам, вале дар фурудгоҳ «ҳуҷҷатҳоятон мӯҳри депорт дорад» гуфта, иҷозат надоданд. Ҳама ҳуҷҷатҳоям қонунӣ буд, ин ҷо ягон хато гузаштааст гуфта, хеле талош намудам, вале маро ба самолёт роҳ надоданд. Ба дугонаам занг зада, моҷароро нақл кардам. Қоҳ-қоҳзанон хандида гуфт: «Дугона, баҳузур дам бигир, се сол коратро ман дар ин ҷо идома медиҳам, баъд ягон фикр мекунем!»
Фаҳмидам, ки Саодати маккора ҳамон рӯз бо воситаи шиносаш қасдан ба шиносномаи ман мӯҳри депорт задааст, вале дигар кор аз кор гузашт. Мӯҳлати пули аз бонк барои билет қарзгирифтаам қариб тамом шуда истодааст, намедонам аз куҷо пул ёфта қарзро баргардонам. Дар киссаам як пули пучак ҳам надорам. Аз кормандони фурудгоҳ тариқи ҳафтанома хоҳиш мекунам, ки ба ман кӯмак расонанд, то ба ҷойи корам баргардаму қарзҳоямро баргардонда, духтаронамро бо обрӯ ба шавҳар диҳам. Кӯмак кунед, илтиҷо дорам, маро танҳо нагузоред!
Хайриниссо аз ш. Кӯлоб