МАЪЛУМОТНОМА Ному насаб: Содиқова Зулфия Соли таваллуд: 23 январи 1968 Ҷойи таваллуд: Душанбе Касб: ҳунарпешаи театр ва синамо |
Зулфия Содиқова 23 январи соли 1968 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1985 пас аз хатми мактаби № 23 – и пойтахт ба шӯъбаи ғоибонаи гурӯҳи коргардонии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудааст. Баъд аз як соли таҳсил аз шӯъбаи ғоибона ба шӯъбаи рӯзона гузашта, таҳти сарпарастии устод Мақсудшо Имматшоев таҳсилро давом медиҳад.
Соли 1987 Зулфия бо тавсияи устод М. Имматшоев баъди имтиҳон ба Омӯзишгоҳи Олии Театрии ба номи Михаил Щепкини шаҳри Маскав дохил мешавад. Пас аз хатми он ба Душанбе омада, дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба кор шурӯъ мекунад.
Баъдтар дар театри драмавии русии ба номи В. Маяковский ва пас аз соли 2000 чанд муддат якбора дар се театр, Театри ҷавонон, Театри академӣ - драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский фаъолият намуда, то имрӯз зиёда аз 70 нақшҳои гуногунро иҷро кардааст.
Аз соли 2008 котиби масъули Синамобазми байналмилалии «Дидор буда», аз соли 2011 директори «Хонаи кино» ва ҳамзамон ҳамчун ҳунарманди театри драмавии ба номи Вл. Маяковский кор мекунад. Ҳунарпеша оиладор ва соҳиби чор фарзанд аст.
Нақши аваллинро дар синамо Зулфия дар синни 39 - солагӣ, дар филми таҷрубавии «Наво» - и Наргис Мамадбекова бозӣ кардааст. Баъдан, дар филмҳои «Марде, ки бо барф меояд» - и Муҳсин Махмалбоф, «Қиёми рӯз» ва «Муаллим», “Роҳ” - и Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ» - и Далер Раҳматов, «Арӯси замонавӣ», «Арӯси замонавӣ 2», «Домоди замонавӣ» - и Набиҷон Пирматов, «Хоби маймун» - и Румӣ Шоазимов, «Хушдоманҳо ва ё ман на манам» - и Манзаралӣ Шералӣ ва бисёр филмҳои пурраҳаҷму кӯтоҳи дигар нақшҳои хотирмон бозидааст.
- Хуш омадед ба ҳафтаномаи “Оила”! Аз назари Шумо, хушбахтӣ чист?
Ин мафҳум хеле васеъ аст ва мешавад бо чандин шаклу мазмун ҷавоб гуфт. Ҳоло барои ману хонаводаам аз ҳама муҳимтар тани сиҳат, хотири ҷамъ, Ватани ободу осуда аст.
- Шумо хушбахтед?
- Шукри Худованд ҳоло ҳар он чизе, ки дар боло гуфтам, насибамон аст.
- Кадом заминаҳоро омили хушбахтӣ мешуморед?
- Ҳамон суханҳое, ки гуфтам, омилҳои хушбахтианд.
- Хушбахт будан чӣ гуна лаззат дорад?
-Мисли нони гарм, оби ширин, дӯсти вафодор, фарзандони меҳрубону шукргузор, ҳар чизи мусбате, ки дили инсонро ба зиндагӣ кардан, гарм месозад...
- Тавре аз шарҳи ҳолатон дидем, оиладор ва соҳиби 4 фарзандед. Худи Шумо шахсияти шинохтаед. Мегуфтед, ки оё ин маъруфият дар тарбияи фарзандони шумо саҳме доранд?
- Бале. Фарзандон ҳам ба масъулияте, ки ман пеши ҷомеа дорам, эҳтиром мегузоранд ва кӯшиш мекунанд, ки маъруфияту эҳтироми маро нигоҳ доранд.
- Чиро маҳаки асосии тарбияи фарзанд мешуморед?
- Эҳтироми шахсияти ҳамдигарро
- Ба фикри Шумо фарзанди бисёр доштан хуб аст ё баръакс?
- Вобаста ба шахсиятҳои оила аст. Агар зиндагии хуб дошта бошӣ, фарзандони бисёр ҳеҷ мушкиле пеш намеоранд.
- Фарзанд бояд чӣ гуна бошад?
- Худошинос! Худшинос! Худомӯз! Бомасъулият! Тавонову пурбардошт.
- Боре ба фарзандонатон даст бардоштаед?
- Аз он оташ чароғи дудмоне мешавад равшан,
Ки дар тифлӣ, падар аз чашми гирёни писар гирад ...
Тарбия кардаам, вале ҳеҷ гоҳ даст набардоштаам.
- Шавҳари идеалӣ аз нигоҳи Шумо чӣ гуна аст?
-Ҳамаи инсонҳо комил нестанд. Барои камол заҳмат кашидан зарур аст. Шояд тамоми умр.
- Ҳамсаратонро дӯст медоред?
- Эҳтиром оростаи ҳама мафҳумҳои зиндагӣ аст. Ҳам ишқ, ҳам муҳаббат, хонаи обод, серу пуру пӯшида ...
- Боре ба шавҳаратон гуфтаед, ки дӯстат медорам?
- Ҳамаи ин гуфтаҳо зеби ҷавонӣ аст. Баъдан ин суханҳоро ба фарзандон мегӯӣ, шояд садҳо бор.
- Гуфтани ҳамин як ҷумла метавонад пояи оиладорӣ бошад?
- Албатта. Агар зиндагӣ бо ин сухан оғоз шуда бошад.
- Аксарият ҳунарнамоии Шуморо дар филми «Арўси замонавӣ» хеле хуш пазироӣ карданд. Перомуни ҳунарнамоии худ дар ин филм ҳарф мезадед.
- Соҳибкасбӣ, яъне ҳирфавӣ будан, дарки нозукиҳои зиндагӣ бо мушоҳидаҳо ва ифода кардани ин таҷрубаҳо дар саҳна ё синамо, асоси мувафақияти ин нақш аст.
- Хона метавонад саҳна бошад? Нақши занро дар театру синамо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Дар хона бояд инсони боҳунар бошӣ, ки онро ободу зебо кунӣ, дар саҳна ҳунарманди бозигар, ки тамошобинро тасхир созӣ.
- Ишқро чӣ гуна таъриф медиҳед? Умаман, ишқ чист?
- Зиндагӣ ишқ аст ва ишқ зидагист. Ҳарфи ман нест, вале ман онро дӯст медорам.
- Ишқи аввалатонро дар ёд доред?
- “Ишқи аввал ғурраи сармозада...”
- Аз нигоҳи Шумо чаро оилаҳои ҷавон зиёд ҷудо мешаванд?
- Зиндагӣ мубориза аст. Вақте ки аз он даст мекашӣ, шикаст меёбӣ...
- Чӣ бояд кард, то оила солиму хушбахт бошад?
-Ҳамеша мубориз будану мубориз мондан...
- Ташаккур барои суҳбати ҷолиб!
-Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед!
P. S: Шакли пурраи мусоҳибаро дар шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед