goodwell
Ровии «Поле чудес» ба Душанбе омад
05.11.2026
Kamoliddin
57

Ровии «Поле чудес» ба Душанбе омад

Леонид Якубович, ровии маъруфи телевизиони Русия ва ҳунарпешаи халқии ин кишвар, ба шаҳри Душанбе омад.

Тавре ширкати TAS International Group дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст, Якубович 5-уми ноябр ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар чорабинии «Шоми пирӯзиҳои бузург», ки бо ташаббуси ин ширкат дар Душанбе баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ наворҳои истиқболи ӯ дар Тоҷикистон нашр шудаанд.

Леонид Якубович яке аз чеҳраҳои шинохтаи телевизиони Русия буда, бештар бо барномаи машҳури «Поле чудес» маъруф аст. Ӯ аз соли 1991 инҷониб ровии ин барнома мебошад ва дар тӯли ин солҳо миёни миллионҳо бинанда маҳбубият пайдо кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД