Кор дар таксӣ солҳои охир барои қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик манбаи асосии даромад гашта буд, вале шурӯъ аз 1- март дар Федератсияи Россия қонуну қоидаҳои нав ҷорӣ карда мешаванд, ки барои ронандагони таксӣ маҳдудиятҳои зиёдеро эҷод менамоянд.
Тавре ки “Известия” менависад, аз 1-марти соли 2023 дар Россия маҳдудиятҳо доир ба қабули ронандагон барои кор дар таксӣ ҷорӣ карда мешаванд. Минбаъд шахсоне, ки доғи судӣ доранд, ба кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ қабул карда намешаванд.
Мувофиқи тағйиротҳои ба Кодекси Меҳнати Федератсияи Россия ворид карда шуда, ки аз санаи 1- март қувваи қонунӣ пайдо мекунад, минбаъд шаҳрвандони Федератсияи Россия ва шаҳрвандони хориҷие, ки барои ҷиноятҳои зерин суд шудаанд, ҳуқуқи дар нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва таксӣ кор карданро надоранд:
-Шахсоне, ки барои куштор суд шудаанд
-Шахсоне, ки алайҳи дахлнопазирии ҷинсӣ ҷиноят содир намудаанд
-Шахсоне, ки барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар маҳкум шудаанд
-Шахсоне, ки ҷинояти дуздӣ ва ё роҳзаниро содир кардаанд
-Шахсоне, ки ҷиноятҳои миёна ё вазнинро ба муқобили сохти ҷамъиятӣ, сохтори конститутсионӣ ва бехатарии давлат содир намудаанд.
-Шахсоне, ки барои ба ҳамин монанд ҷиноятҳо аз ҷониби мақомотҳои судии кишварҳое, ки ба ЕАЭС дохил мешаванд, маҳкум шудаанд.
Азбаски Тоҷикистон ба ҳайъати кишварҳои аҳдномаи ЕАЭС дохил намешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон, агар душаҳрвандӣ надошта бошанд, зоҳиран ба ин қатор дохил намешаванд, вале...
Акнун барои кор дар таксӣ ҳатман маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ пешниҳод кардан лозим меояд.
Шахсоне, ки аллакай дар нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекунанд, агар доғӣ судӣ дошта бошанд, дар сурати рӯй об баромадани доғи судиашон фавран аз кор озод карда мешаванд.
Ин қоида ҳамчунин ба шахсоне низ дахл дорад, ки нисбаташон аз ҷониби мақомот парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин тоифа то ба анҷом расидани тафтишот ҳуқуқи дар таксӣ кор карданро надоранд.
Шахсоне, ки пештар суд шуда буданд, вале доғи судиашон бардошта шудааст ё соф карда шудаанд, метавонанд бидуни ягон маҳдудият дар нақлиёти ҷамиъятӣ кор кунанд. Ёдрас мешавем, ки барои ҷиноятҳои сабук ва миёна доғи суди баъд аз 3 сол ва барои ҷиноятҳои вазнин баъди 8 сол бардошта мешавад.