Formula novemver 2024
Роҳҳои зуд ва осони пул кор кардан
2782


Идея ва маслиҳатҳои муфид ба касоне, ки дар муддати кӯтоҳ маблағ ба даст овардан мехоҳанд.

Баъзан инсон ба таври фаврӣ ба пул эҳтиёҷ пайдо мекунад. Дар чунин ҳолат аксари одамон аз ягон нафари дигар қарз мегиранд, ҳол он ки мустақилона низ пул кор кардан мумкин аст. Имрӯз мо ба шумо дар бораи роҳҳои осони зуд ба даст овардани маблағ маълумот медиҳем.

Ба умеди бонк нашавед!

Ба ташкилотҳои қарзӣ ва қарзии хурд на ҳамеша умед баста мешавад. Аввалан барои аз бонк пул гирифтан ҳуҷҷатҳои зиёде лозиманд, баъдан ҳатто бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо низ бонк метавонад ба шумо қарз надиҳад. Рӯҳафтода нашавед, вазъияти молиявии худро бе дархост барои қарз низ беҳтар кардан комилан имконпазир аст.

Пеш аз ҳама, шумо бояд дар хотир доред, ки танҳо тартиб додани нақшаи "Ман мехоҳам зуд пул кор кунам", мутаассифона, кофӣ нест. Барои зуд ба даст овардани пул, бояд каме кӯшиш кунед. Агар шумо малака, қобилият ва таҷрибаи муайян дошта бошед, бешубҳа аз ӯҳдаи ин кор мебароед. Биёед, он вариантҳои кори иловагӣ (подработка)-ро дида мебароем, ки имкон медиҳанд бе таҷрибаи корӣ ва маълумоти олӣ дар як рӯз фавран пул ба даст оред.

Дар кори хона кӯмак расонед

Фавран ба пул ниёз дошта бошед, метавонед дар анҷом додани кору бори хона ба одамони сарватманд ёрӣ расонида, музди меҳнати худро ҳамон рӯз бигиред. Барои чунин кор маълумоти махсус, справка дар бораи саломатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо лозим нестанд. Муҳимаш он аст, ки пайдо кардани чунин кор душвор нест, зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин эълонҳо зиёданд. Аз рӯйи эълон занг зада, суроғаро мегиред ва маслиҳатро бо соҳибхона пазонда аз паси кор мешавед. Ҳамин ки коратонро анҷом додед, музди меҳнататонро мегиред. Сарватмандон баъзан ҳатто барои ба сайругашт баровардани сагашон низ пул медиҳанд.

Ронандаи таксӣ шавед

Яке аз роҳҳои самарабахши зуд ба даст овардани пул ба сифати таксист кор кардан аст. Ронандагони таксӣ дар як рӯз то 300-400 сомонӣ пул кор мекунанд. Агар мошини шахсии худ надошта бошед, метавонед онро иҷора гиред. Барои ронандаи таксӣ шудан шумо бояд шаҳодатномаи ронандагӣ дошта бошед ва ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя кунед. Ногуфта намонад, ки барои дар такси кор кардан бар замми маҳорати хуби ронандагӣ, ҳамчунин ба стресс тобовар будан лозим аст.

Дояагӣ-нигоҳбини кӯдак

Дояагӣ-яке аз вариатҳои беҳтарини ба даст овардани маблағ мебошад Маъмулан барои нигоҳубини кӯдак дар як шабонарӯз 50-100 сомонӣ пул медиҳанд. Бештари волидон онҳоеро доя интихоб мекунанд, ки маълуоти педагогӣ ва таҷрибаи корӣ дошта бошанд.

Ба ширкатҳои сохтмонӣ равед!

Барои зуд ба даст овардани маблағ шумо метавонед ба ширкатҳои сохтмонӣ, марказҳои савдо ё анборҳои хӯрока ва либосворӣ муроҷиат кунед. Дар чунин ҷойҳо хамеша борбардорҳо ва коргарон лозиманд.

Роҳҳои дигари зуд ба даст овардани маблағ инҳоянд:

-Фурӯши чизҳое, ки шумо истифода намебаред
-Миёнаравӣ кардан дар фурӯши амвол
-Хидматҳои онлайнии пулакӣ
-Иштирок дар барномаҳои шарикӣ

Ҳар яке аз ин усулҳо қобилият ва малакаи муайянро талаб мекунанд. Ҳунар ва маҳорати худро ба кор бурда, мушкилатонро бе қарз ҳал карданро ёд гиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД