arzon replenishment
Роҳҳои пешгирии рехтани мӯй дар фасли баҳор
1881

Мӯйи сари инсон дар мавсими баҳору тобистон бештар мерезад. Барои пешгирии ин ҳолат чи бояд кард?
Мӯйи сар дар як моҳ ҳамагӣ 1 см дароз мешавад ва рехтани он хеле ташвишовар аст, зеро то мӯйи рехта дубора месабзад, ки вақти зиёде мегузарад.

Умри мӯйи мард кӯтоҳтар аст
Умри мӯйи мард нисбат ба мӯйи зан қариб ду маротиба камтар аст. Исбот шудааст, ки мӯйи сари мардон 2 сол ва аз бонувон 4-5 сол умр дорад.

Ҳар рӯз чанд тори мӯй мерезад?

Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз аз 30 то 50 тор мӯйи сари сари одам мерезад. Мӯйи шумо аз ин бештар мерехта бошад, чораҳои фаврӣ андешед, то ки кал нашавед. Барои солиму зебо нигоҳ доштани мӯй чанд тавсияи муфидро ба шумо пешниҳод месозем.

1. Ҳангоми шӯстани мӯй ҳарорати об набояд аз 50-55 дараҷа баланд бошад.
2. Ба мӯй зиёд собун задан мӯйҳоро зудшикану хушк мегардонад.
3. Бо ҳаргуна собунҳои мушкии бӯйи хуш дошта мӯятонро нашӯед. Беҳтараш саратонро бо собуни сиёҳии либосшӯйи бишӯед, зеро ҳам ба пӯсти сар ва ҳам ба мӯйи сар фоида дорад. Он сабӯсаки сарро рафъ намуда, пӯстро мулоим ва мӯйи сарро ҷиллодору резишашро кам мекунад.
4. Агар мӯйи шумо хушк бошад, бояд аз собунҳое истифода кард, ки дар таркибаш равғани зиёд дошта бошад
5. Барои пешгирии резиши мӯй метавонед зардии тухмро бо оби ширгарм омехта намуда ба решаи мӯйҳоятон молед ва ҳамагӣ пас аз 5- 10 дақиқа бишӯед.
6. Ҷурғот молидан ба мӯйи хушк манфиатбахш мебошад.
7. Мӯйи шумо хушк бошад, ба 1 литр об 1 қошуқ шарбати лимӯ рехта, 1 соат пеш аз саршӯӣ онро ба решаи мӯйҳоятон молед.
8. Мӯйи равғаниро бо ҳама навъҳои собун (қатронӣ, шампун, собунҳои обакӣ ва ғ.) метавон шӯст, вале барои пешгирии резиши мӯй тақрибан 2-3 соат пеш аз саршӯӣ ба пӯсти сар ва решаи мӯйҳо шираи алоэ ё пиёз молидан лозим аст.
9. Пас аз шустушӯ беҳтар аст, ки мӯйҳо ба таври табиӣ хушк шаванд. Истифодаи фен ва асбобҳои дигари мӯйхушккунӣ тавсия дода намешавад, зеро мӯйро хушк ва камқуват сохта, боиси зиёд шикастан ва рехтани мӯйҳо мегардад.
10. Дуруст шона кардани мӯй ба сабзиши бардавоми он таъсир мерасонад. Ҳангоми дағалона шона кардани мӯйи сар решаи мӯй меканад. Шона задани мӯйи дарозро аз нӯги мӯй оғоз кардан беҳтар аст, мӯйи кӯтоҳро бошад аз бехи мӯй. Мутахасиссон бештар шонаҳои чӯбинро тавсия медиҳанд.
11. Мӯйро сахт шона задану бастан ё сахт бофтан мумкин нест.
12. Барои пешгирии резиши мӯй ҳар рӯз муддати 5-7 дақиқа сарро бо ҳаракати даврашакл маҳс кардан зарур аст.
13. Дар ёд дошта бошед, ки муддати дуру дароз сари луч дар зери шуълаи офтоб гаштугузор кардан мӯйҳоро зудшикану камнур месозад.

Барои бармаҳал сафед нашудани мӯйҳо ҳафтае то 2 маротиба онҳоро бо оби ҷӯшонидашудаи барги чормағз шустан лозим аст, оби ангур низ ба мӯйҳо манфиатовар мебошад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД