Arzon march 2024
Роҳҳои об кардани равғани шикам баъд аз таваллуд
1477

Дар давраи ҳомиладорӣ ҷисми зан аз тағйироти ҷиддӣ мегузарад. Бачадони афзоянда ба узвҳои дарунӣ ва девори пеши шикам фишор меорад, гормонҳо иштиҳоро зиёд мекунанд ва ҳамаи ин албатта ба ҷамъшавии захираҳои чарбу мусоидат менамояд. Мутаассифона, на ҳамеша баъд аз таваллуд кардан равғанҳо об шуда, шикам ба ҳаҷми муқаррариаш бармегардад. Барои халосӣ аз равғанҳои дар шикам ҷамъшуда чӣ бояд кард?

Рӯҳафтода нашавед!

Бисёре аз занон шиками худро пас аз таваллуд бо аксҳои пеш аз бордоршавӣ муқоиса намуда, рӯҳафтода мешаванд, зеро боварӣ надоранд, ки шикамро ба ҳолати қаблиаш баргардонидан мумкин аст. Албатта, занҳои хушбахте ҳастанд, ки мушакҳои шикам ва пӯсташон хеле зуд танг мешаванд, вале чунин бонувон ангуштшумор ҳастанд. Қисми зиёди бонувон барои ба ҳолати пештарааш баргардонидани шикамашон бояд хеле талош намоянд.

40 рӯз тоқат кунед!

Пеш аз андешидани ягон чора барои беҳтар кардани ҳолати шикаматон шумо бояд ба духтур муроҷиат намоед. Гап дар сари он аст, ки баъди таваллуд кардан бачадон тақрибан 40 рӯз танг мешавад. Барқарорсозии шикам танҳо баъди 40 рӯз оғоз меёбад ва то ба охир расидани раванди кашишхӯрии бачадон табибон машқ карданро тавсия намедиҳанд, то боиси хунравӣ ва пролапси бачадон нашавад.

Бандаж пӯшед!

Пас аз таваллуд кардан дар таваллудхона шумо метавонед бандажи баъди таваллудро пӯшед, ки шикамро танг мекунад. Аммо дар сурати худро нороҳат ҳис кардан ва эҳсос намудани дард дар мавзеи шикам аз ин амал худдорӣ кардан лозим аст.

Крем молед!

Дар ҳафтаҳои аввали пас аз таваллуди кӯдак, шумо метавонед ба истифодаи креми шикам пас аз таваллуд шуруъ кунед, ки ба шарофати он пӯсти фуҷури шикам пас аз таваллуд маводи ғизоии иловагӣ мегирад, ки чандирӣ ва устувории пӯстро зиёд мекунад.

Пас аз таваллуд чӣ гуна вазни зиёдро партофтан лозим аст?

Пӯсти шикам пас аз таваллуд лоғар шуда, ба қавле меёзад. Сабабаш дар давраи ҳомиладорӣ калон шуда, баъдан якбора холӣ шудани шикам мебошад. Бо ҳамин сабаб пас аз таваллуд кардан дар шикам хатҳои бурида пайдо мешаванд ва шикам калон мешавад. Барои он ки равғанҳои зиёдатӣ об шуда, шикаматон дубора ба ҳолати аввалааш баргардад, шумо бояд машқ кунед. Машқҳои ҷисмониро шумо бояд пас аз гирифтани иҷозати духтур на пештар аз ҳафтаи шашум то ҳаштуми баъди таваллуд оғоз намоед. Дар давоми шаш моҳи аввали пас аз таваллуди кӯдак ба машқҳои сахт машғул нашавед.

Гуфтагӣ барин, пешакӣ машқ кардани мушакҳои шикам муфид аст, агар шумо ҳанӯз ҳомиладор бошед, метавонед мунтазам ба машқҳои сабуки ҷисмонӣ машғул шавед.

Маҳс кардани шикам

Дар баробари машқҳои ҷисмонӣ маҳс кардани мушакҳои шикам хуб аст. Тавсия дода мешавад, ки ҳар рӯз муддати 10-15 дақиқа ба пӯст малҳам молида, маҳсро анҷом диҳед. Пас аз маҳскунӣ ба шикаматон малҳами нармкунанда ё равғани тухми ангурро молед. Инчунин, бояд ба назар гиред, ки дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан, ҳангоми ҳайз, бемориҳои меъда ё гурда шумо набояд шикамро маҳс кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД