Arzon march 2024
Роҳҳои нигоҳ доштани хушбахтии оила
649

 

Чӣ мард ва чӣ зан рӯзҳоеро доранд, ки бо ягон сабаб ногаҳон ғамгин мешаванд. Барои шахс мустақилона мубориза бурдан бо чунин рӯзҳо душвор аст. Барои занҳое, ки бо ҷинси муқобил робитаи ҳаётӣ доранд, бародоштани руҳияи марди хонадон хеле муҳим аст. Мо ба шумо мегӯем, ки чӣ тавр мардҳоро рӯҳбаланд кардан мумкин аст.

Барои баланд бардоштани руҳияи ҳамсафари ҳаётӣ чанд роҳ мавҷуд аст. Шарти нахустин шинохти дурусти ҳамдигарист ва зан ҳамсарашро бояд ба хубӣ шиносад, яъне аз чашмонаш чӣ хостанашро хонад. Барои тасалӣ додан дар рӯзҳои сахт дар канори мард будан аз ҳама беҳтар аст.

Таъби мардро таъриф баланд мебардорад. Таърифи беҳудаю подарҳаво нею гуфтани ҳақиқат дар шакли тавсиф. Яъне, ҳар нафар бо доштани камбудӣ инчуни амалҳоеро низ дорад, ки махсуси ҳамон кас аст. Ҳамаи инро бо забони хуш ба гӯши шавҳар расондан лозим аст.

Ҳарфҳое, ки барои ба даст овардани дили мард лозим аст, метавон чун як санги қимматбаҳо дар сандуқча пинҳон кардаву дар вақтҳои лозимӣ аз онҳо истифода намуд. Барои мисол "шумо яке аз одамони оқилтарин дар муҳити ман ҳастед. Барои ҳамин ҳам ҳамеша бо шумо маслиҳат мекунам. Намедонам бе ту чӣ кор мекардам. Ман аз он ҳайронам, ки шумо ҳамеша ба ҳадафи худ ноил мешавед. Шумо ангезаи ман ҳастед. Ман аз шумо ҳамеша меомӯзам".

"Шумо далер ва ғамхор ҳастед. Ман ҳама вақт ба шумо мисли як кӯҳи бузург менигарам. Намедонам агар шумо намебудед чӣ кор мекардам. Шумо бисёр шӯхед. Бо шухиҳоятон одат кардаам. Агар рӯзе шумо шӯхӣ накунед, ғамгин мешавам”.

Дар урфият мегӯянд, ки сухани нек ба гурба ҳам мефорад. Мард ҳам дӯст медорад, ки мӯяшро сила кунанду таърифаш намоянд. Ин гуна суханҳо ғайр аз он ки мардро рӯҳбаланд мекунад, ӯро қавитар намуда, ба худ эътимод карданро ёд мегирад.

Мардҳо наметавонанд ҳамаи эҳсосоташонро озод баён намояд. Зан бояд дар бораи чӣ ва кай сӯҳбат карданашро донад. Зеро муносибати оилавӣ ниҳоят нозук ва бориктар аз тори мӯй аст. Оне, ки ин алоқаро нигоҳ дошта метавонад, иродаи мустаҳкам дорад ва оне, ки дар ин пайвандӣ хушбахтиро барои худу оилаи худ месозад, ин қаҳрамонӣ аст. Пас, кӯғшиш кунед ҳамеша оилаи худро хушбахт нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД