Шавҳаратон маъшуқа дорад? Аз вақте ки хиёнати ҳамсаратонро фаҳмидед, зиндагӣ дар назаратон рангу маъниашро гум кардааст? Худатонро аз аламу дарди хиёнат дарун ба дарун хӯрда мегардед? Мехоҳед коре кунед, ки шавҳаратон аз маъшуқааш ҷудо шавад ва ҳаёти оилавиатон дубора ширину гуворо гардад?
Ба хотири кумак ба занҳое, ки шавҳарашон маъшуқа дорад, имрӯз мо маслиҳатҳои равоншиноси рус Инна Беловаро дар бораи роҳҳои халосӣ аз маъшуқаи шавҳар ба шумо пешкаш менамоем.
Айбро дар маъшуқа наҷӯед
Аксари занҳое, ки шавҳарашон маъшуқа дорад, фикр мекунанд, ки ҳамааш айби ҳамон зан, яъне маъшуқаи шавҳарашон аст, агар вай марди оиладорро бо нозу ишва аз роҳи рост намебаровард, ҳеҷ гоҳ ҳамсарашон даст ба хиёнат намезад. Аммо ин андеша ғалат аст. Албатта дарднок аст, вале шумо бояд қабул кунед, ки агар худи мард инро нахоҳад, зани бегона на бо нозу ишва, на бо сеҳру ҷоду ӯро аз роҳ бароварда наметавонад. Ба ҷойи маъшуқаи шавҳаратонро гунаҳкор кардан, мушкилиро дар оилаи худ ҷустуҷӯ карда, сабабҳои хиёнат кардани шавҳаратонро аниқ кунед. Фаромӯш накунед, то вақте ки сарчашмаи ин мушкилиро пайдо карда аз байн набаред, маъшуқаи шавҳаратонро мағлуб карда наметавонед.
Сабабҳои асосии хиёнати мард
Албатта хиёнат кардани шавҳар сахт дарднок ва аламовар аст, вале барои ғолиб омадан шумо бояд худро ба даст гирифта, оқилона дар бораи сабабҳои хиёнати марди худ ва роҳҳои халосӣ аз маъшуқаи шавҳаратон фикр кунед. Мехоҳед донед, ки чаро марди зандор маъшуқабозӣ мекунад?
1. Аксари занҳо як одати бад доранд, то тӯй ҳамеша ороставу пероста мегарданд, вале баъди шавҳар карда, соҳиби фарзанд шудан, дигар тамоман ба худашон аҳамият намедиҳанд. Албатта вақте ки зан дасту рӯяшро базӯр нимкорашӯй карда, 3-4 рӯз бо як либос мегардад ва ҳатто хушаш намеояд, ки мӯяшро шона занад, шавҳараш ба занҳои дигари зебо ва дилкаш таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
2. Бадзабонии зан. Як қисми мардҳо барои аз ғурбати ҳамсарашон халос шудан маъшуқабозӣ мекунанд. Мард ҳар қадар кӯшиш накунад ҳам, зан ҳамеша аз чизе норозӣ аст ва ягон баҳона ёфта, бо шавҳараш ҷангу ҷанҷол мекунаду дили мардро сиёҳ месозад. Дар чунин ҳолатҳо мард маъшуқа меҷӯяд, то ки ақаллан чанд лаҳза дур аз ғурбату ҷангу ҷидол бо оромиш истироҳат кунад.
3. Гурехтани зан аз муносибатҳои маҳрамона низ боиси маъшуқа ёфтани мард гашта метавонад. Иддае аз занҳо баъди 40-45-солагӣ мардгурез мешаванд. Ҳар бор бо ягон баҳона аз ӯ дурӣ ҷустани занаш мардро маҷбур месозад, ки меҳрубониро дар ҷойи дигар, аз зани дигар биҷӯяд.
4. Рашки девонавори зан. Як тоифаи занҳо бениҳоят эҳсосӣ ҳастанд ва шавҳарашонро ҳатто ба симчӯби сари роҳ ҳам рашк карда, баҳудаву беҳуда дар сари мард чормағз мешикананд. Мард, агар маъшуқа надошта бошад ҳам, метавонад барқасд бо зани дигар робита барқарор намояд.
5. Танбалию беҳунарии зан низ боиси маъшуқа ёфтани мард гашта метавонад.
6. Сабаби дигари маъшуқабозии мард нописандии ҳамсараш аст. Вақте ки зан шавҳарашро ба як пули пучак ҳам намегирад ва ҳамеша дар назди дигарон паст мезанад, мард маъшуқабозӣ мекунад, то ки худро бақадр эҳсос намояд.
7. Одати бад - балои ҷон. Занбозӣ барои як тоифаи мардон одати ҳамешагӣ аст. Ҳамсарашон мисли фаришта зебову меҳрубон ва панҷ панҷааш ҳунар бошад ҳам, чунин мардон ҳатман маъшуқа меёбанд.
Акнун шумо дар бораи сабабҳои хиёнат кардани мард маълумот пайдо намудед. Фикр кунед, ки шавҳари шумо бо кадом сабаб маъшуқабозӣ мекунад ва кӯшиш кунед, ки вазъиятро ислоҳ намоед.
Бо маъшуқаи шавҳаратон рӯйканию мӯйканӣ накунед!
“Ту бо шавҳари ман мегардӣ” гуфта, ба сари маъшуқаи шавҳаратон наравед. Бо зане, ки бо марди шумо робита дорад, рӯйканию мӯйканӣ карда, ба мардум кинои бепул намоиш надиҳед. Ҷангу ҷанҷол натиҷа намедиҳад. Аввалан, шавҳаратон аз худ меравад, ки ду зан барои вай шуда занозанӣ ва рӯйканию мӯйканӣ кардаанд. Дуюм: агар дар сари қаҳр шумо ба маъшуқаи шавҳаратон ягон зарари ҷиддӣ расонед, масалан ягон ҷояш шиканад ё осеб бинад, метавонад аз рӯйи шумо ба милитсия ё суд шикоят кунад. Кашмакаши судӣ бо маъшуқаи шавҳар обрӯи шуморо дар байни ҳақу ҳамсоя, хешу табор ва шиносҳоятон мерезонад.
Туҳмат назанед
“Эй, вай як зани бероҳа аст, бо чанд мард мегардад” гуфта, маъшуқаи шавҳаратонро туҳмат накунед ва дар борааш ҳар хел овозаҳои бадро паҳн карда нагардед. Фаромӯш накунед, ки барои туҳмат кардан ва паст задани обрӯи шахси дигар шуморо метавонанд ба ҷавобгарӣ кашанд.
Дарду аламро аз дил берун созед!
Аввалин коре, ки зани хиёнатдида бояд кунад, ин халос шудан аз ҳисси дарду алами дар вуҷудаш ҷамъшуда мебошад. Метавонед ба ягон дӯсти наздикатон дарди дил кунед, зарур бошад, ба равоншинос муроҷиат намоед, вале бо кадом роҳе ки набошад, шумо бояд аз ин дарди ҷонсӯз, ки вуҷудатонро дарун ба дарун мехӯрад, халос шавед.
Худатонро ба девонагӣ назанед!
Аз дарду алам худро ба девонагӣ зада, ҳар рӯз доду фиғон набардоред. Бо чунин рафтор шумо худро хандахариш месозед. Кӯшиш кунед, ки оромона, вале хеле ҷиддӣ дар ин мавзуъ бо шавҳаратон суҳбат намоед. Мард танҳо як маротиба хиёнат карда, аз кори кардааш пушаймон гашта бошад, душвор бошад ҳам, ӯро бубахшед. Аммо яку якбора аз гуноҳи мард гузаштан лозим нест, ӯро камтар азоб диҳед, метавонед як муддат қаҳр кунед. Мард бояд дарк намояд, ки агар ин корашро такрор кунад, оилааш вайрон мешавад.
Зиндагӣ кино нест...
Иддае аз занҳо хиёнат кардани шавҳарашонро фаҳманд, доду фиғон бардошта, чизу чораашонро дарҳол ҷамъ мекунанд ва қаҳр карда ба хонаи падару модарашон мераванд, вале чанд рӯз пас дубора бо пойи худашон ба хона бармегарданд. Ҳаргиз чунин рафтор накунед, чунки ҳар бор бо пойи худ баргаштани занро дида, мард муътақид мешавад, ки ҳамсараш ҷиддӣ нест, ду-се рӯз қаҳр мекунаду баъд ба тақдир тан дода, бармегардад.
Барои ҷудо шудан саросема нашавед!
Тоифаи дигари занҳо ҳамин ки аз маъшуқадории шавҳарашон хабардор шуданд, дарҳол ба дари суд давида, барои ҷудо шудан ариза менависанд. Ин рафтор комилан ғалат аст. Зиндагӣ бозӣ нест, шумо бояд сабур бошед ва ҳама чизро дар тарозуи ақл баркашед. Тақдири ояндаи кӯдаконатонро фикр кунед. Фаромӯш накунед, ки ягон марди дигар барои фарзандони шумо падар шуда наметавонад.
Хулоса, ба осонӣ шавҳар, хонаву дар ва бахтатонро ба зани дигар туҳфа накунед. Камбудӣ аз шумо гузашта бошад, кӯшиш кунед, ки ислоҳ шавед. Шавҳаратон хато карда бошад ва изҳори пушаймонӣ намояд, ӯро бубахшед ва зиндагиро идома диҳед.
Мубориза фоида надорад, агар...
Бори аввал нест, ки шавҳаратон ба шумо хиёнат мекунад? Беш аз як сол боз бо зани дигар робита дорад ва ҳар бор ба шумо ваъда медиҳад, ки маъшуқаашро мепартояд?
Ба марде, ки на як бору ду бор хиёнат кардааст, бовар накунед. Барои ин тоифаи мардон ҳам зан ва ҳам маъшуқа доштан як одати маъмулӣ мебошад. “Тарки одат - амри маҳол” гуфтаанд, марде, ки ба занбозӣ одат кардааст, як маъшуқаашро партояд ҳам, ба зудӣ маъшуқаи дигар меёбад. Умри худро беҳуда зоеъ накарда, аз чунин мард ҳарчи зудтар ҷудо шудан лозим аст, зеро аз ғами маъшуқабозии шавҳаратон худро дарун ба дарун хӯрда, ба ягон беморӣ гирифтор шуданатон имкон дорад.
Талоқ поёни зиндагӣ нест
Аксари занҳо талоқро ҳамчун фоҷиа қабул мекунанд. Албатта шикасти бахт барои зан дарднок аст, вале талоқ поёни зиндагӣ нест. Кӯшиш кунед, ки бо кори муфиде машғул шуда, аламу дарди худро фаромӯш созед. Ягон машғулияти аҷиб ёбед, бо кори дӯстдоштаатон машғул шавед, бикӯшед, ки мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намоед. Он гоҳ бахти ҳақиқӣ худаш ба суроғи шумо меояд.
Боқӣ, ба шумо хушбахтӣ мехоҳем!