Чинҳои пешонӣ ду намуд мешаванд: якеаш дар байни абрӯвон ва дигараш аз мӯйҳои пешонӣ поёнтар пайдо мешавад. Бо рафтани синну сол, чандирии пӯст камтар ва мушакҳо заиф гашта, боиси пайдо шудани ожангҳо мегардад.
Чинҳои пешонӣ бо сабабҳои экологӣ, таъсири нури офтоб, истеъмоли ғизои нодуруст ва ҳаёти носолим, асаби ноором ва инчунин нӯшидани машруботи спиртӣ ба вуҷуд меояд. Чинҳои пешонӣ дар одамони эҳсосӣ тезтар пайдо мешавад. Ҳаракатҳои ноҷои пешонӣ боиси пайдошавии ин хатҳо мегарданд.
Ҳангоми гуфтор бо мимикаи худ диққат диҳед. Дар фасли тобистон аз малҳамҳои аз офтоб ҳифзкунанда истифода баред. Маводҳои ороиши мувофиқи синну сол истифода баред. Ҳатман дар субҳ рӯятонро шуста аз малҳами ҳифзкунанда истифода баред ва шабона молидани малҳами нармкунандаро истифода кунед. Бештар аз малҳамҳое истифода кунед ки дар таркибашон коллаген ва ҷавҳари гиалурон дошта бошанд.
Инчунин, аз ниқобҳои косметикии поккунанда, ғизобахш ва боиси партофтани рӯйро ба кор баред. Табобати тиббии халқиро, ки бар зидди ожанги рӯй ҳастанд, истифода баред ва ҷавониатонро мисли қаблӣ зебову дилкаш нигоҳ доред.
Сабабҳои пиршавии пӯсти рӯй
Ҳатто шустани зуд-зуд бо оби равон метавонад боиси хушк шудани пӯст ва пиршавии бармаҳал гардад.
Стресс. Дар ҳолатҳои стресс, бадан адреналин истеҳсол мекунад, ки ба гардиши хун таъсири манфӣ мерасонад, ки ба ҳолати пӯст, устуворӣ ва чандирии он таъсир мерасонад.
Норасоии витаминҳо. Дар давраи норасоии витамин, доруҳои витаминӣ бояд ҳамчун илова гирифта шаванд. Он суръати пиршавии пӯстро тавассути ба вуҷуд овардани равандҳои оксидшавӣ дар бадан хеле метезонад. Таъсири нурҳои ултрабунафш боиси гум шудани чандирӣ ва ғафсшавии пӯст мегардад.
Тамокукашӣ ва машрубот. Машрубот гардиши хунро вайрон мекунад, ки равандҳои пиршавии бармаҳалро ба вуҷуд меорад.
Роҳҳои табобати чинҳои пешонӣ дар шароити хона
Ниқоб аз асал. 1 қошуқча асал ва 100 мл саршир (сливки) илова карда, хуб омехта карда 1 қошуқ оби лимӯ, 1 қошуқ оби оддӣ илова карда, омехта кунед. Ин малҳамро бегоҳ барои пок кардани пӯстатон молед ва 15дақиқа нигоҳ дошта пасон бо оби ширгарм шӯед.
Ниқоб аз картошка. Ниқоб аз картошка бо шир омехашуда пӯсти рӯйро қавӣ ва солим месозад. Картошкаро бо пӯсташ дар об ҷӯшонида кӯбед. Ба картошка 1 қошуқча равғани зайтун ё глитсерин, шир ё сметана илова карда, малҳамро ба рӯятон моледи маҳс кунед. Ниқобро ба рӯятон молида обчинак (салфетка) пӯшонеду 20 дақиқа нигоҳ доред.
Маҳс барои рафъ кардани ожанг. Дар назди оина нишата, оринҷатонро маҳс кунед. Пӯстатонро эҳтиёткорона боло кашида каме нигоҳ доред. Чашмонатонро пӯшеду пӯсти пешониро поён кашед. Пӯсти пешониро дар ин ҳолат нигоҳ дошта истед ва то се шумореду оҳиста сар диҳед ва нафаси озод кашида асабҳоятонро ором кунед. Ин барои нест кардани ожанги пешонӣ кумак мекунад.