Arzon march 2024
Роҳҳои ҷавон сохтани пӯсти рӯй
1301

 

Дар масъалаи нигоҳ доштани ҷавонӣ ва тарзи зиндагии солим муҳим аст. Шахсе, ки мехоҳад то пирӣ ҷавон бошад, бояд тарзи ҳаёти солимро пеш барад, аз одатҳои бад, ки ҳам барои бадан ва ҳам барои пӯст зараровар аст, даст кашад ва вазни доимиро нигоҳ дорад.

  1. Хӯрдани ғизои дуруст ва солим

Ғизои дуруст пешбинӣ мекунад, ки бисёр моддаҳои ғизоӣ - сафедаҳо, карбогидратҳо, равғанҳо, об, минералҳо ва витаминҳо ба бадан мунтазам, ба миқдори зарурӣ ва дар таносуби оптималӣ ворид карда шаванд. Норасоӣ ё зиёдатии баъзе моддаҳои ғизоӣ аввал боиси нороҳатии муваққатӣ ва баъдан хатари пайдоиши бемориҳои гуногун мегардад.

Ғизои солим имкон медиҳад, ки вазнро бидуни маҳдудиятҳои маҷбурӣ мӯътадил созад, аз бемориҳо халос шуда, барои барқарор кардани энергияи зеҳнӣ ва ҷисмонӣ кӯмак мекунад. Ғизои солим ҷузъи муҳими тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ғизои ҳаррӯза бояд аз маҳсулоти зерин иборат бошад:

  • меваю сабзавоти дорои витамини С (карам, помидор, картошка, қаламфури булғорӣ, банан, себ, нок)
  • тухм, ҷигар, равғани маска, моҳӣ, панир, сабзӣ, анҷир, харбуза, чормағз
  1. Дастатонро ба рӯятон нарасонед

Бо дастони худ ламс кардани рӯй аллакай як одати сахт решадавонда аст, ки аз он халос шудан хеле мушкил аст. Бо дастони ношуста ба чашму бинӣ ва пӯсти рӯй даст расонидан мумкин нест. Қабл аз дастро ба рӯй молидан онро хуб бо собун бишӯед, пасон малҳамро ба рӯятон молед.

  1. Аз қаҳру ғазаб канорагирӣ кунед.

Ҳарчи бештар мушакҳои рӯй ва дар маҷмӯъ тамоми ҷисми худро дар ҳолати оромӣ гузоред. Вақте шумо асабӣ мешавед, дар мобайни абрувонатон ожанг пайдо мешаваду кунҷи лабҳоятон ба поин майл мекунад.

  1. Нигоҳубинии ҳаррӯза

Пӯсти рӯй инъикоси ҳолати тамоми бадан аст. Нигоҳубини ҳаррӯзаи пӯст барои солим ва дурахшон нигоҳ доштани пӯсти шумо муҳим аст. Дар вақти малҳам молидан пӯсти рӯятонро бисёр кашиш надиҳед.

Пӯстро субҳ ва шом бо обӣ тоза кардан лозим аст. Оби аз ҳад зиёд гарм ё хунук ба рагҳои хунгузар зарар мерасонад. Новобаста аз намуди пӯст нигоҳубини ҳаррӯза ба ҷавонкунии он кӯмак мекунад. Маҷмӯи ғизои солим, хоб ва реҷаҳои нигоҳубини дурусти пӯст чеҳраи шуморо равшан ва дурахшон мегардонад.

  1. Ба корҳои дӯстдоштаи худ машғул шудан

Бештар ба ҳавои тоза бароед, шодӣ ва дилхушӣ кунед, ба варзиш машғул шавед. Кӯшиш намоед, ки бештар дар ҳавои тоза бошеду ҷисми худро дар ҳолати оромӣ нигоҳ доред.

  1. Аз офтоб рӯятонро муҳофизат кунед

Муҳофизати хуб аз офтоб, на танҳо пӯсти шуморо муҳофизат мекунад, балки онро аз пиршавии бармаҳал эмин медорад. Таъсири шадиди нурҳои офтоб яке аз омилҳои асосии пиршави пӯсти рӯй ба шумор меравад. Аз ин рӯ, пеш аз ба берун баромадан ба пӯсти рӯй малҳами ҳифзкунанда молед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД