Малҳам, ниқоб ва шампуну балзамҳое ҳастанд, ки ба афзоиши мӯйи сар мусоидат менамоянд. Агар мӯйи дарози пурҷило хоҳед, шампун ва малҳамҳоеро интихоб кунед, ки хусусияти табобатӣ доранд.
Шампунҳои табобатиро ҳафтае 1 -2 маротиба истифода бурдан мумкин аст. Аз ин зиёдаш боиси аллергия шуда метавонад. Таъсири хуб доштани шампунро баъди ду ҳафта фаҳмидан мумкин аст.
Барои оне, ки мӯйятон дароз шавад, аз малҳам ва роҳҳои таббиӣ истифода баред ва якчанд қоидаро риоя кунед. Мӯйҳоятонро тез – тез қайчӣ накунед, зеро маълум аст, ки суръати афзоиши мӯйи сар дар як моҳ 1-1,5 см (то 2 см) аст.
Қобилияти ба дарозии муайян расидани мӯй, инчунин, давомнокии умри он аз ҷиҳати генетикӣ муайян карда мешавад ва дар ин бора ҳеҷ кор кардан лозим нест. Аммо, омилҳои дигари муҳиме ҳастанд, ки метавонанд ба ин раванд ҳам мусбат ва ҳам манфӣ таъсир расонанд.
Чанд омиле ҳастанд ки ба дарозшавии мӯй зарар мерасонанд: синну сол, ирсият, вазъи саломатӣ, асабонии аз ҳад зиёд, нарасидани витамин ва ҳолати пӯст.
Барои афзоиш ёфтани мӯй бештар сарро маҳс кунед. Маҳс гардиши хунро беҳтар намуда, решаҳои мӯйро ғизо медиҳанд. Рӯзе ақалан як маротиба саратонро маҳс кунед. Ангуштонатонро ба даруни мӯйҳоятон дарореду 2 – 3 дақиқа саратонро маҳс кунед.
Илова бар ин, маҳс кардани сар асабҳоро низ ором мекунад, саратон истироҳат мекунад ва лаззат мебаред. Худмаҳскуниро аз пояи гардан оғоз карда, тадриҷан ба пушти сар ҳаракат кунед. Бо нӯги ангуштони худ ҳаракатҳои масҳро иҷро кунед.
Сипас, ангуштони худро ба хати мӯй ҳаракат диҳед ва аз пешона ба пушти сару қафо ҳаракат кунед. Тартиб тақрибан даҳ дақиқа вақтро мегирад. Ин масҳ таъмини хуни пӯсти сарро беҳтар мекунад.
Мӯйи дароз мехоҳед? Пас, ин қоидаҳоро риоя намоед:
- Ҳамеша асабӣ буданро бас кунед. Шумо шояд намефаҳмед, ки дар фишори доимӣ зиндагӣ мекунед. Бештар ба табиат бароед. Танҳо сайр кунед, то фикрҳои худро ба тартиб дароред. Кӯшиш кунед, ки дар хомӯшӣ нишаста, аз ҳама гуна фикрҳо ҷудо шавед. Асабӣ будан метавонад ба афзоиши мӯй халал расонад ва боиси резиши мӯй шаванд.
- Одатҳои хӯрокхӯрии худро аз назар гузаронед. Ҳама хӯрокҳои равғанин ва шӯрро аз менюи худ хориҷ кунед. Бештар ғизои солим истеъмол кунед, ба меваҳо, чормағз, тухм ва панир такя кунед. Бештар об нӯшед, зеро мубодилаи моддаҳоро беҳтар мекунад. Витамину меваҳоро истеъмол намоед, то ки мӯятон зебою пурҷилло гардад.
- Истифодаи мӯйхушккунак ва дарзмол. Инро на камтар аз як моҳ қатъ кунед. Аз ҳад зиёд гарм шудани мӯй ба он осеб мерасонад, мӯйро хушк мекунад ва мӯйҳоро мешиканад.
- Масҳ. Бо истифода аз равғани бурдок ё кастор (репейное и касторовое масло) ҳафтае се маротиба пӯсти сарро масҳ кунед.
- Ниқоб. Дар як ҳафта як бор як ниқоби хардалро (маску из горчицы) бо шакар илова кунед ва ба мӯйятон молед. Шакар ҳисси сӯзишро безарар мегардонад.