sebiston july new
Ронандаи тролейбус омода мекунанд
246

 

Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии "Троллейбус"-и шаҳри Душанбе эълон кардааст, ки барои хоҳишмандон омӯзиши курсҳои ронандаи тролейбусро роҳандозӣ намудааст. Дар ин бора ба сомонаи “Оила” аз ниҳоди мазкур хабар доданд.

Зикр шуд, ки муҳлати омӯзиш 6 моҳро дар бар гирифта, маблағи омӯзиш аз ҷониби корхона пардохт карда мешавад.

 

ККВД хоҳишмандони сину солашон аз 22 то 34 сола истиқоматкунандагони доимии шаҳри Душанберо барои омӯзиши курси ронандагии троллейбус даъват менамояд.

 

Баъд аз хатми курси ронандагӣ довталабон бо кори доимӣ, яъне ронандаи троллейбус қабул карда мешаванд.

 

ККВД "Троллейбус"-и шаҳри Душанбе барои ронандагон шароиту имкониятҳои хуби хизматрасониро ба роҳ мондааст. Хоҳишмандон метавонанд бо телефонҳои 233-35-53, +992-002-77-11-99

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД