sebiston july new
Ронандаи таксии “3333”-ро ҳабс карданд
920



Фатҳулло Зарипов, ронандаи таксии “3333”-ро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дағалӣ бо мардум ба муҳлати чанд шабнарӯз аз озодӣ маҳрум намуданд.

Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст..
Фатҳулло Зарипов, ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», рақамҳои қайди давлатиаш 1815ТТ09, дар кӯчаи Дӯстии халқҳо, аниқтараш дар назди фурушгоҳи «Ашан» бо мошин ба самти муқобили роҳ ҳаракат намуда, қоидаи ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудааст. Муҳофизони фурӯшгоҳи “Ашан” ба ин рафтори ронанда эрод гирифта, ӯро ҳушдор медиҳанд, вале таксисти гарданшах ба ҷойи бахшиш пурсидан бо ғазаб онҳоро дашном дода, суханони қабеҳ мегӯяд ва бо ин амалҳои худ тартиботи ҷамъиятиро низ дағалона вайрону осудагии шаҳрвандонро халалдор месозад.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати Зарипов Фатҳулло тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ)- Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД