Муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ!
Дирӯз мо маводеро дар хусуси муносибати дағалонаи ронанда ва пулчинаки хатсайри №8 нашр намуда будем.
Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбе нақлиётхадамотрасон” ба ин мавод вокушин нишон дода, аз андешидани чораҳои зарурӣ нисбати ронанда ва кондуктори дағал хабар додаанд. Дар ҷавобияи ин ниҳод аз ҷумла чунин омадааст:
” Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенаклиётхадамотрасон" дар робита ба мақолаи чоп намудаи сомонаи ОИЛА ТҶ , зери унвони БТЕ ПУЛША, ФРОРША! Моҷарои ронандаю пулчинаки маршруткаи №8 бо мусофирон (https://oila.tj/news/bte-pulsha-frorsha-moaroi-ronandayu-pulchinaki-marshrutkai-8-bo-musofiron) ба табъ расонида буд, ин масъаларо мавриди санҷиш қарор дод. Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки хатсайри микроавтобусии №8 ба ККВД "Автобус-1"-и шаҳри Душанбе тааллуқ дорад. Ҳайати комиссияи интизомӣ дар асоси шикояти ин шаҳрванд, ки 24-уми феврали соли ҷорӣ таҳти рақами №74 ба қайд гирифта шудааст, нисбати рафтору амалҳои анҷом додаи ронанда ва чиптачини хатсайри №8, ки рақами қайди давлатиаш 7273тт05 мебошад, чораҳои зарурӣ андешид. Нисбати ронанда Одилҷон Ҷаборов ҷазо дар намуди се рӯз аз фаъолияти мусофиркашонӣ боз доштан таъин гардида, ҳамзамон огоҳӣ дода шуд. Дар сурати такроран ба чунин камбудиҳо роҳ додан ронанда пурра аз фаъолият намудан дар хатсайри мазкур манъ карда мешавад.”
Умедворем,ки ҷазо гирифтани ин ронандаю пулчинаки дағал ба дигар ронандагони хатсайрҳои шаҳрию байни шаҳрӣ дарси ибрат гашта, минбаъд ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол намекунанд ва дағалиро нисбати мусофирон раво намебинанд.