Баъзе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашон нисбати зебогию тозагии атроф бемасъулиятӣ зоҳир намуда, дидаву дониста партовҳои гуногуни сохтмониро дар соҳили дарёи Душанбе мерезанд, ки боиси коста гаштани атрофи дарё гаштааст.
Дар ин бора РВКД дар шаҳри Душанбе нигаронӣ карда, изҳор доштааст, ки ҷиҳати муайян ва пешгирии чунин қоидавайронкуниҳо аз ҷониби кормандони Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии милитсияи пойтахт амалиёти санҷишӣ гузаронида шудааст.
Аз ҷумла, зимни дар соҳили дарё ва маконҳои номуайяншуда рехтани партовҳо шаҳрвандон Наҷмиддинов Абдулло, ронандаи нақлиёти тамғаи "Шакман", рақамҳои давлатиаш 303МА01, Одинаев Ғаюрбек, ронандаи нақлиёти тамғаи "Шакман", рақамҳои давлатиаш 7189ХХ01, Исоев Асатуллр, ронандаи нақлиёти тамғаи "Шакман", рақамҳои давлатиаш 0825VV01 ва Усмонов Шералӣ, ронандаи нақлиёти тамғаи "ЗИЛ", рақамҳои давлатиаш 9320НХ01 боздошт гардидаанд.
Нисбати номбурдагон бо моддаи 232 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шудаанд.
Аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашон талаб карда шудааст, ки ҳангоми интиқоли борҳои пошхӯранда аз пардаҳои ҳимоявӣ истифода бурда, партовҳоро дар соҳили дарё ва маконҳои номуайяншуда нарезанд.