“Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, тибқи меъёрҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, тамоми автобусу троллейбусҳои шаҳри Душанбе, ки таҷҳизоти сардкунанда (кондитсионер) доранд, уҳдадоранд дар ҳавои гарм онро фаъол кунанд.
МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, ҳамасола аз 1-уми июн ҳукумати шаҳри Душанбе, бо назардошти боло рафтани ҳарорати ҳаво, ҳамаи автобусу троллейбусҳои пойтахтро бо сӯзишвории иловагӣ таъмин мекунад, то таҷҳизоти сардкунандаи онҳо фаъол бошад.
“Ҳамаи нақлиёти мусофирбар доимо аз санҷиши техникӣ гузашта, ҳамаи автобусу тролеейбусҳо бо кондитсионерҳои коршоям муҷаҳҳазанд. Албатта, баъзан ҳолатҳое мешавад, ки дар роҳ онҳо аз кор мебароянд.
Дар ин ҳолатҳо барои мунтазам равуо доштани нақлиёти ҷамъиятӣ, он аз хатсайр гирифта нашуда, таъмир дар рӯзи дигар гузаронида мешавад”, - гуфтааст ин ниҳод.
Бояд гуфт, ки бо фаро расидани фасли тобистон ва баланд шудани ҳарорати ҳаво дар кишвар сокинону меҳмонони пойтахт аз гармии дохили нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят мекунанд ва бештар иддао доранд, ки таҷҳизоти сардкунандаи он кор намекунад.