Commerce bank may-june 2026
Роҳхати марҳилаи плей-оффи Ҷоми ҷаҳонро 12 мунтахаб соҳиб шуданд
26.06.2026
Oila.tj
98

Пас аз анҷоми нахустин бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки шаби 24 ба 25-уми июн баргузор шуданд, тартиби ниҳоии дастаҳо дар гурӯҳҳои “A”, “B” ва “C” муайян гардид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, то ин лаҳза аллакай 12 мунтахаб иштироки худро дар марҳилаи плей-офф расман таъмин кардаанд. Ин дастаҳо бо касби яке аз ду ҷойи аввал дар гурӯҳҳои худ мустақиман ба марҳилаи 1/16-ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Мунтахабҳое, ки то ҳол роҳхати плей-оффро соҳиб шудаанд - Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Швейтсария, Канада, Марокаш, Бразилия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Аргентина, Фаронса, Норвегия, Колумбия. Ин дастаҳо бо натиҷаҳои хуб дар марҳилаи гурӯҳӣ ҷойи худро дар даври навбатии мусобиқа кафолат доданд ва акнун муборизаро барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар се кишвар - ИМА, Мексика ва Канада баргузор шуда, аз 11-уми июн оғоз гардида, то 19-уми июл идома хоҳад кард. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Аргентина мебошад, ки соли 2022 дар финали Ҷоми ҷаҳон дар Қатар бар тими Фаронса пирӯз шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД