Роҳи мушкилгузари Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмир мешавад
16.01.2026
Oila.tj
38

Тоҷикистон барои таъмир ё бозсозии роҳи мушкилгузари Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ бо як ширкати кувайтӣ шарнома бастааст. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 13-уми январ хабар дод, ки созишмнома байни ин ниҳод ва ширкати NARCO-и Кувайт 29-уми декабри соли 2025 имзо шуда буд ва аз 12-уми январи соли 2026 эътибор пайдо кард.

Ба иттилои манбаъ, дарозии роҳ 162 км аст. Сохтмони он дар ду қисмат, аз ноҳияи Айнӣ то маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва аз он ҷо то деҳаи Деҳҳисори ин ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, ба қавли мақомот, дар тӯли роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ бунёди 27 пули мошингузар ва 405 қубури обгузар дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД