Sebiston new 2024 october
Роҳи мошингарди Бохтар - Левакант - Данғара ба истифода дода шуд
258

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар - Левакант - Данғараро ба истифода доданд, ки дарозии умумии он 68,8 километрро ташкил медиҳад.

Дар қитъаи Бохтар - Левакант роҳ аз 6 хати ҳаракат ва боқимонда аз ду хат иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар роҳ 5 пули мошингузар ва 2 роҳи давродавр сохта шудааст.

Қисматҳои аҳолинишини роҳ тибқи талаботи байналмилалӣ чароғон карда шуда, шабона дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон осудагию бехатарии мардумро таъмин менамояд. Васли новаҳои оҳану бетонӣ, қубурҳои обгузар, тахтасангҳои ду канори роҳ ва деворҳои ҳимоявӣ ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиётро таъмин менамояд.

Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи якуми роҳи мошингарди Бохтар - Левакант - Данғара бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2021 оғоз гардида буд. Иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат имкон фароҳам овард, ки бунёди роҳ дар муҳлати муайянгардида мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД