Роҳи Душанбе-Чаноқ қисман боз шудааст
97

Роҳи Душанбе-Чаноқ пас аз як шабонарӯзи баста будан қисман боз шудааст.

Дар ин бора бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар водии Зарафшон пас нисфирӯзии 10-уми феврал хабар дода, гуфтааст, ки ҳоло ҳаракати мошинҳо танҳо аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе иҷозат дода шудааст.

“Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя карда, фосилаи байни мошинҳоро нигоҳ доранд”,- навиштааст манбаъ.

Бояд гуфт, масири мазкур рӯзи гузашта дар пайи фаромадани тарма баста шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД