Роҳдорони кишвар соҳиби 10 адад техникаи нави замонавии роҳнигоҳдорӣ гардиданд.
- Техника аз 5 боркунаки фронталии тамғаи «Lovol-FL», як экскаватори тасмачархи тамғаи «Lovol-FL-220D2» ва 4 адад автогрейдери тамғаи «Lutong Py180» иборат буда, аз ҷониби вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба роҳдорони минтақаҳои аз офатҳои табиӣ осебпазири Рашт ва Кӯлоб супорида шуд,- хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ки то ба имрўз бо ҷаҳду талош ва дастгирию кумаки ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд лоиҳаҳои кумаки техникӣ дар Вазорат амалӣ гардидаанд, ки дар натиҷа ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои минтақаҳо 746 адад техникаю таҷҳизоти пуриқтидору замонавӣ дастрас гардида, айни ҳол муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ 1324 техникаву таҷҳизот дар ихтиёр доранд.