Formula novemver 2024
Роҳбарияти Вазорати фарҳанг Сафарбегим Тошхӯҷаева ва Майсара Дилдороваро аёдат карданд
847

Роҳбарияти Вазорати фарҳанг ба аёдати Ҳунармандони халқии Тоҷикистон Сафарбегим Тошхӯҷаева ва Майсара Дилдорова рафтанд. Дар ин бора маркази матбуоти вазорат хабар додааст.

Нақши ин ду ҳунарманди маҳбуб дар рушду нумуъи фарҳанги миллӣ беназир аст. Сафарбегим Тошхӯҷаева солҳои 1964-1991 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ ба ҳайси сароянда фаъолият дошта, сурудҳояш дар хазинаи тиллоии санъати тоҷик сабт гаштаанд.

Майсара Дилдорова бошад, натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ машҳур буд. Истеъдоди сарояндагии Майсара Дилдорова, махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикӣ бештар зоҳир гашта, барномаҳои эҷодиаш ғанӣ ва пурмазмун будаанд. Ин бонуи ҳунармнад сурудҳои халқиро хеле олӣ иҷро намуда, дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД