Имрӯз 12-уми марти соли 2025 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Хирад"баргузор гашт. Чорабинӣ ба Рӯзи матбуоти тоҷик бахшида шуда, дар он чанде аз журналистони шинохтаи тоҷик ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар маҳфил китоби "Истиқлолият ва журналистикаи тоҷик"- и устоди факултети журналистикаи ДМТ Сангин Гулов рӯнамоӣ карда шуд.
Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ президенти Академияи миллии илмҳои Точикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, баъдан Сангин Гулов, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ дар мавзӯи "Нақши матбуоти точик дар замони Истиқлолят" суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ Раиси Иттифоқи журналистони Точикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, Директори Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори омма Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ, Декани факултаи журналистикаи ДМТ Бахтиёр Ҳошимзода ширкат варзида, суханронӣ карданд.
Дар охир сармуҳаррири ҳафтаномаи "Омӯзгор" Эҳсон Сафарзода оид ба муҳтавои китоби "Истиқлолият ва журналистикаи точик" - и Сангин Гулов баромад кард.
Дар поёни чорабинӣ Хушвахзода Қобилҷон Хушвахт, презеденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба журналистон сипоснома супурд.