Як марди 31-солаи сокини ноҳияи Восеъ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуда, аз он шиква кардааст, ки рӯзи 7-уми декабр, тахминан соати 01:00, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи зӯрӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилӣ ва 500 сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Тавре ки сомонаи ВКД менависад: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 20 ва 26-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд”Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.