goodwell
«Регар-ТадАЗ» аз «Ал-Қодисия»-и Кувайт шикаст хӯрд
21.10.2026
Oila.tj
119

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Тоҷикистон дар бозии даври дуюми марҳалаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО аз тими «Ал-Қодисия»-и Кувайт бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Ин рақобат шаби гузашта дар Кувайт баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон анҷом ёфт. Бо вуҷуди ин бохт, «Регар-ТадАЗ» ҳанӯз имкони роҳ ёфтан ба даври баъдии мусобиқаро дорад. Дастаи шаҳри Турсунзода дар даври аввал бар «Гоа»-и Ҳиндустон пирӯз шуда, се имтиёз ба даст оварда буд. Айни замон намояндаи Тоҷикистон дар зинаи дуюми гурӯҳи «С» қарор дорад. Дар бозии дигари гурӯҳ «Фортис»-и Бангладеш аз «Гоа»-и Ҳиндустон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

«Регар-ТадАЗ» бозии охирини марҳалаи гурӯҳиро рӯзи 23-юми октябр бо дастаи «Фортис» баргузор мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД