Рӯзи 11-уми январ дар шаҳри Лос-Вегас дар доираи муҳорибаҳои UFC Fight Night 249 размкори тоҷик Нурулло Алиев бо Ҷо Солекии амрикоӣ қувваозмоӣ мекунад. Дар ин бора Varzish.TV хабар додааст.
Рақиби аввалини Нурулло Алиев варзишгари исроилӣ Яшмоз буд, вале бо сабаби захмӣ буданаш ӯ аз муҳориба даст кашид. Акнун ин размкори тоҷик бо варзишгари амрикоӣ Ҷо Солеки қувва меозмояд. Рақиби Нурулло Алиев Ҷо Солекии амрикоӣ қаблан дар 13 набард ғолиб омада, 5 маротиба мағлуб шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Нурулло Алиев бо лақаби “Уқоби тоҷик” машҳур аст ва қаблан дар муҳорибаҳои UFC доварон ғалабаи ӯро бар Рафаэл Алвес эълон намуда буданд.
Варзишгари 25-солаи тоҷик Нурулло Алиев пеш аз ин 9 муҳориба гузаронида, дар ҳамаи набардҳо ғолиб омадааст ва ягон бохт надорад.
Набард бо варзишгари амрикоӣ Ҷо Солеки барои “Уқоби тоҷик” ҳалкунанда ба шумор меравад. Дар сурати ғолиб омадан дар набард Нурулло Алиев қуллаи наверо дар варзиши ҷаҳонӣ фатҳ хоҳад кард.