Sebiston new 2024 october
Равғани зайтун ва бобуна занро ҷавону зебо мекунанд
908

Салом! Ман ҷавонзани 30-сола ҳастам ва дар як ноҳияи дурдаст зиндагӣ мекунам. Шавҳарам дар Русия асту хушдоманам барои харидани ороишоти косметикӣ ба ман пул намедиҳад. Оё ягон усулҳои халқие вуҷуд доранд, ки ҷавонию зебоии занро нигоҳ дошта тавонанд?

ГУЛОИМ, аз Темурмалик

Посух:

- Албатта вуҷуд доранд! Бибиҳоямон барои ҷавону зебо мондан ҳамеша аз гулу гиёҳҳо ва равғанҳои табиӣ истифода мебурданд, масалан равғани зайтун пӯстро ҳамвор сохта, ғизо мебахшад ва нарму пок месозад. Имрӯз низ косметологон дар тайёр кардани малҳаму ниқобҳо ин равғанро ба кор мебаранд. Ҳамарӯза ба рӯю гардан молидани равғани зайтун пӯстро тароват бахшида, чинҳояшро нобуд месозад.

Бобуна

Бобуна гиёҳи манфиатноктарин барои нигоҳубини пӯсти рӯй мебошад. Дар замонҳои пеш занҳо бо гиёҳоби аз бобуна омодашуда рӯй шуста, ба ҳуснашон ҳусни тоза зам менамуданд. Гиёҳоби бобунагиро тайёр кардан хеле осон аст: як қошуқ гиёҳро бо ду стакон об омехта карда 10 дақиқа ҷӯшонед. Сачоқи тозаеро дар ин гиёҳоб тар карда ба рӯятон гузоред. Пас аз шустани рӯй малҳами ғизобахш (питательный) молед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД