Санаи 16-уми ноябр дар толори барҳавои маҷмааи варзиши Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як рақобати ҷолибу диданӣ бо иштироки дастаҳои "Сомон"-и ДМТ ва "Амонатбонк" доир гардид.
Дар ин толор бевосита барои дастгирии тими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректор ва садҳо устодону донишҷӯёни ин донишгоҳ баҳри мухлисӣ ба тими "Сомон" омада буданд.
Ин бозӣ дар доираи даври 5-уми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал доир гардид, ки бо ҳисоби 3 бар 4 ба суди меҳмонон поён ёфт.
Ҳарчанд дастаи навтаъсиси "Сомон"-и ДМТ дарин дидор мағлуб шуд,аммо онҳо то ба охир муборизаи хуб бурданд. Ин даста метавонад дар мавсими имсола ба натиҷаҳои хуб даст ёбад, чунки дар баробари рақибҳои пурқуввати худ то ба охир мубориза мебарад.
Ҳоло ин даста баъди 5 даври Суперлигаи Тоҷикистон-2024 ду бохт, 1 мусовӣ ва 1 ғалабаро ба қайд гирифтааст. Пеш аз ин дидор даста тавониста буд, ки "Хуҷанд"-ро бо ҳисоби бузурги 8-2 шикаст диҳад.