Formula novemver 2024
Рақобати хонандагони Суғд барои идрорпулии Сарвари давлат
673

Аз 1-уми август  байни хонандагони муассисаҳои миёни умумӣ, литсей, гимназия ва коллеҷҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 12 август идома меёбад. Дар  ин хусус Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Зикр шуд, ки 1 август дар шаҳри Панҷакент озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ оғоз гардид. ​

​Иброз гардид, ки дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Гувоҳи ин гуфтаҳо он аст, ки ҳар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон бо пешниҳоди як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад. Аз ҷумла, таъсис ва амалӣ гардидани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иқдоми наҷиби Роҳбари муаззами мамлакат маҳсуб мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат аз 1 сентябри соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, аз 400 нафар ба 3000 нафар зиёд карда шуд.

 

Бояд гуфт, ки озмуни ​Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД