Arzon march 2024
Ранвир Сингхро барои аксҳои урёнаш суд мекунанд?
853


Ранвир Сингх аз зумраи ҳунармандони насли нави “Болливуд” буда, натанҳо дар ватанаш Ҳиндустон, балки дар кишварҳои дигар олам низ мухлисону ҳаводорони бешумор дорад. Худованд ба ин ҷавон пайкари зебои ҷавонмардона ҳадя намуда, Ранвир Сингх бо шарофати қаду қомати базебаш ҳамеша нақшҳои марказиро дар филмҳои нав ба нави киностудияи “Болливуд” соҳиб мешавад, аммо...

Албатта зебоӣ харидорони зиёде дорад, вале зебоии пайкарашро ба маърази тамошои мардум гузошта, ин ҷавони машҳур ба сари худ бало харид. Гап дарон аст, ки чанде пеш Ранвир Сингх бо як маҷаллаи хориҷӣ қарордод баста, барои маҷалла як силсила аксҳои урён гирифт Актёр аксҳои урёнашро дар саҳифаҳои худаш низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода, ба гирдоби баҳсу мунозираҳо гирифтор шудааст.

Аксҳои Ранвирро дар муддати як шабонарӯз зиёда аз 23 миллион нафар тамошо кардаанд. Ба аксари мухлисони ҳунарманд ин аксҳо хуш омада бошанд ҳам, фаъолони ҷомеа ин рафтори актёри машҳурро ҳамчун поймол намудани фарҳанги мардуми ҳинд маънидод намуда, аз болои Ранвир Сингх аризаи шикоятӣ навиштаанд.

Дар аризаи дастаҷамъона, ки онро фаъолони як ташкилоти ғайридавлатии фарҳангӣ ва адвокатҳои шаҳри Мумбай ба муқобили Ранвир Сингх навиштаанд, омадааст, ки актёри бе шарм бо паҳн кардани аксҳои урёни худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ занони ҳиндуро таҳқир намудааст ва ин аксҳо боиси косташавии ҳисси шарму ҳаёи бонувон дар кишвар мегарданд.

Айни замон нисбати Ранвир Сингх барои паҳн кардани аксҳои ғайриахлоқӣ, ки боиси таҳқири занон мегарданд, парванда оғоз ёфтааст, вале маълум нест, ки ин ситораи Болливудро ҷарима мекунанд, маҳкум ба зиндон менамоянд ё рафторашро сафед мекунанд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД