Commerce bank may-june 2026
Раънои Зоирдухт: шоир дар эҷоди худ озод аст
82

Истаравшан яке аз шаҳрҳои қадима ва маркази фарҳангу тамаддуни тоҷикон буда, аз қадимулайём макони олимону донишмандон, шоирону нависандагон, ҳунармандон ва тоҷирон будааст.

Тибқи пажӯҳишҳои илмӣ, дар Истаравшан беш аз 750 шоир зиндагиву эҷод кардаанд. Аз ҷумла, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Ноил Шерзода, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Сайидалӣ Маъмур, Мирзомурод Ҳошимзода, Накҳат, Султонмурод Ҳоҷибоев, Наимҷон Назирӣ, Аҳмади Раҳмат, шоирони имрӯз Валиҷон Акбарӣ, Раънои Сафарзод, Илҳоми Саршор ва даҳҳо адибони дигар бо осори арзишманди худ дар ғанӣ гардидани адабиёти тоҷик саҳм гузоштаанд. Раънои Зоирдухт низ идомадиҳандаи ҳамин мактаби пурғановати адабии Истаравшан аст.

Бо шоир Раънои Зоирдухт перомуни рӯзгору фаъолияти эҷодиву фарҳангӣ ва андешаҳояш оид ба ҳифзи забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ суҳбат оростем, ки манзури хонандагон мегардад.

- Дар бораи кӯдакии бисёр шоирон бо меҳру шавқ мехонем. Лутфан аз кӯдакии худ ёд кунед. Он давра барои Раънои Зоирдухт чӣ гуна сипарӣ шуд?

- Нигоҳи ёдҳо ба кӯчаҳои кӯдакии ширин ворид гашт. Ашкҳо ҳам давра заданд дар соғари дидаҳоям. Пеши назарам танҳо симои падари  меҳнаткашу меҳрубон падид омад. Равонашон шод бод! 16 сол мешавад, ки мо аз сурати дилкашу зебо, қомати баланду лабханди ширини қиблагоҳамон маҳрумем. Мо эркаи хонавода набудем ва боре як сухани падару модарро ду накардаем. Меҳнати хонаводагии мо ҷомаи тӯёнадӯзиву тоқии мардонаро шинонидан буд. Яъне дӯхтаҳои гуногуни тоқиро аз занону духтарони ҷои зистамон модарам мехариданд ва мо тоқиҳоро барои фурӯш омода мекардем. Модарам ҳам дар тарбияи мо ва ҳам соҳибкасб шуданамон мекӯшиданд. Мо дар ҳалқаи модар ба тоқидӯзиву тоқичаспонӣ ва рӯймолдӯзиву ҷомадӯзӣ машғул шуда, аз панду насиҳаташон баҳра мебурдем. Шукрона мекунам, ки имрӯзҳо низ модари азизам бовуҷуди пиронсолӣ дар ҳалқаи наберагон ба тоқидӯзӣ машғуланд.  Овони мактабхонӣ муҳаррири нашрияи девории мактаб будам.  Хотираҳои овони мактабхонӣ басо зебову гуфтанӣ ва дар ҳоли ба ёд овардан оҳанги таассуф ҳам дорад, зеро бештарашон тарки ин олами фано кардаву ба олами бақо пайвастаанд.

- Фарҳангсаройи Ориёӣ, ки дар он унсурҳои фарҳанги ориёӣ таҷассум ёфтаанд, кай бунёд шуд?

- Ин кори қисмат ва оғози таҷлили 2500-солагии шаҳри қадимаи Истаравшан аст. Баъди созишномаи истиқрори сулҳ ва хомӯш гаштани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармони таҷлили ҷашни 2500-солагии шаҳри Истаравшан ба тасвиб расид. Ҳадаф ин буд, ки форсизабонони бурунмарзӣ ва меҳмонони аз хориҷа даъват шуда ба фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати қадимаи тоҷик ошно гарданд. Омадану дидани кишвари озоду обод ва сулҳовариву сулҳдориву сулҳбонии мардуми тоҷикро бо чашмони худ дида, ба Президенти хирадманду хирадсолор ва сиёсатмадори арсаи ҷаҳонии мо аҳсанҳо мехонданд, ки  миллату Ватанро аз вартаи фалокату нобудшавӣ эмин дошт. Дар ҳамон вақт аллакай барои бунёди чунин фарҳангсаро замина гузошта шуд.

Вақте соли 2006-ро Пешвои миллат «Соли гиромидошти тамаддуни ориёӣ» эълон карданд, таваҷҷуҳи дӯстдорони фарҳанги ориёӣ ба кишвари мо боз ҳам бештар шуд. Аз ин рӯ, хостанд баъзе аз иқдомҳои созандаи худро дар кишвари мо роҳандозӣ кунанд. Аз ҷумла, Обтин Сосонфар, доктори ҳуқуқи байналмилал, Масъуд Миршоҳӣ, раиси Анҷумани Рӯдакӣ ва Меҳрафзун Сосонфар, раиси Анҷумани мероси ниёгон аз Фаронса ғояҳои адабпарваронаи моро хуш пазируфта  барои сохтмони «Фарҳангсарои ориёӣ» маблағ ҷудо намуданд. Ҳамин тавр ин кохи фарҳангу тамаддун соли 2008, замоне ки 1150-солагии устод Рӯдакӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардид, ба истифода дода шуд.   Фарҳангсаройи ориёии шаҳри Истаравшан инъикоскунандаи фарҳангу тамаддуни ориёӣ мебошад. Дар дохили девори ин қасри зебо мусаввараҳои ғайриодӣ, ки бозгӯяндаи воқеаҳои тахрихии замони ориёиянд, тасвир ёфтааст.

- Аз нигоҳи Шумо барои ҳифзи фарҳанги ориёӣ чӣ бояд кард?

- Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи таъриху тамаддуни қадимаи халқи тоҷик, эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии мероси гаронбаҳои ниёгон ба ҷаҳониён тадбирҳои пайгирона андешида, барои рушди худшиносии миллӣ заминаи устувор гузоштанд. Эълон гардидани соли 2006 «Соли гиромидошти тамаддуни ориёӣ», тақдими китоби "Тоҷикон"-у "Шоҳнома", эҳёи ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон ва тасмими бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар қалби Тоҷикистон шаҳри Душанбе далели ин гуфтаҳост. Вақте Пешвои миллат аз бунёди чунин Конун ҳарф заданд, беихтиёр аз чашмонам ашк шорид. Бори дигар бо доштани чунин Пешвои сулҳофару сулҳовару фарҳангпарвар шукрона кардам.

 - Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ки ҷаҳонишавӣ таъсири бевосита дорад, то имрӯз кадом нишонаҳои фарҳанги ориёӣ ҳифз шудаанд?

- Дар ҷомеаи имрӯза, сарфи назар аз таъсири густурдаи ҷаҳонишавӣ, бисёр нишонаҳои фарҳанги ориёӣ то ҳол ҳифз шудаанд. Аз ҷумла, ҷашнҳои миллӣ, ба монанди Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада, анъанаҳои меҳмоннавозӣ, эҳтироми бузургсолон, либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ,  ҳамчун мероси фарҳанги ориёӣ то имрӯз арзиши худро нигоҳ доштаанд. Илова бар ин, расму ойинҳои оилавӣ, фарҳанги китобдӯстӣ ва арҷ гузоштан ба илму маърифат низ аз арзишҳои муҳими фарҳанги ориёӣ мебошанд. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки новобаста аз таъсири ҷаҳонишавӣ, миллат тавонистааст мероси фарҳангии худро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда интиқол диҳад.

- Шумо ки шоири соҳибмактабед, дар шеърҳоятон унсурҳои фарҳанги ориёӣ чи гуна инъикос меёбанд?

- Шоир дар эҷоди худ озод аст ва аз арзишҳое илҳом мегирад, ки ба камолоти инсон ва ҷомеа мусоидат мекунанд. Дар шеърҳои ман низ унсурҳои фарҳанги ориёӣ, аз қабили мардумдӯстӣ, ватандорӣ, некандешӣ, адолатпарварӣ, меҳру муҳаббат, эҳтироми инсон ва дигар хислатҳои ҳамида ҷойгоҳи хос доранд. Ин арзишҳо аз мероси гаронбаҳои ниёгони мо сарчашма гирифта, то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Аз ин рӯ, талош мекунам онҳоро бо забони шеър ба хонанда расонам ва дар тарбияи маънавии ҷомеа саҳм гузорам.

 - Аз нигоҳи Шумо, шоир дар тарбияи маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа чӣ нақш дорад?

- Шоир дар тарбияи маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши бисёр муҳим дорад. Ӯ бо сухани пурмазмуну таъсирбахши худ одамонро ба некӣ, ростқавлӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ ҳидоят мекунад. Ашъори шоир ҳисси зебоипарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро дар дили мардум бедор месозад. Ӯ бо эҷодиёти худ мардумро ба донишомӯзӣ, ахлоқи ҳамида ва зиндагии шоиста раҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, шоир на танҳо офарандаи шеър, балки тарбиятгари маънавии ҷомеа низ мебошад. Мо имрӯзҳо аз ашъори пандуахлоқии шоирони бузургамон ҷаҳон-ҷаҳон баҳра мебарем. Ғайр аз ин мардуми дунё аз шеърҳои шоирони тоҷик баҳра ва ҳатто аз рӯйи панду насиҳати онҳо амал мекунанд. Дар пештоқи Созмони Милали Муттаҳид навиштани байти Саъдии бузургвор:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд

далели ин гуфтаҳост. Ё таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба Маснавии Маънавӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз нақши бузург доштани шоирони тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад. Садои хуби ҳофизон, ки аз ашъори шоирон оҳангбандӣ шудаву суруда мешавад, дилҳоро ба ваҷд меорад, ба андеша кардан водор месозад, ба кӯйи одамият даъват дораду қалбҳои озурдаро таскин мебахшад. Тамоми сурудҳои сарояндаҳои ҷаҳон аз ашъори шоирон аст. Бо шеърҳои шоирон мо  аз замони давлатдории гузаштагонамон огоҳему вазъи будану зистанашон оиннанамоӣ дорад. Аз ин рӯ, рузгорон бидуни шоир  ногузир аст ва бе шеъру бе тарона набзи ҷомеа низоме надорад.

- Кадом шоирони тоҷик дар ашъори худ арзишҳои фарҳанги ориёиро васф кардаанд?

- Бисёр шоирони тоҷик ва форсизабон дар ашъори худ арзишҳои фарҳанги ориёӣ, аз ҷумла ватандӯстӣ, озодагӣ, хирад, адолат, некандешӣ, қаҳрамонӣ ва ҳифзи ҳувияти миллиро васф кардаанд. Аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин васфкунандаи фарҳанги ориёӣ ба шумор меравад. Дар Шоҳнома таъриху фарҳанг, ойинҳо, паҳлавонон ва ҷаҳонбинии ориёӣ инъикос ёфтаанд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳарчанд бештар ба ахлоқу ҳикмат пардохтааст, дар ашъораш арзишҳои инсондӯстӣ ва некномиро тарғиб мекунад. Дар ин радиф Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мирзо Турсунзода, Доро Наҷот, Гулрухсор, Лоиқ Шералӣ, Низом Қосим ва даҳҳои дигарро метавон ном бурд.

- Дар фарҷом мехостем байте аз ашъоратон қироат намоед.

- Миллати мо рӯйи Истиқлол дид,

Шаҳди пок аз боғи армонаш чашид

Бояд акнун худшиносӣ пеша кард,

Қисмати фардои худ андеша кард.

То шиносем урфу расми хешро

Ҷумлаи афроди хайрандешро.

Миллати мо рӯи Истиқлол дид,

Шаҳди пок аз боғи армонаш чашид...

- Ташаккури зиёд барои суҳбат.

- Саломат бошед!

Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД