Бо харидани либосе, ки аз синтетика омода шудааст, бадан метавонад дар гармии тобистон тезтар арақ кунад ва тар шуда, куртаро доғдор кунад.
Интихоби ранги дурусти либос ба пинҳон мондани доғҳо кӯмак мекунад. Интихоби либоси тобистона барои бисёре аз мо як кори муҳим ҳисобида мешавад. Ҳамин тариқ, чунин бояд шуморид, ки либоси рангаш сафед барои ҳарорати тобистон мувофиқтарин аст, зеро он баданро хунук нигоҳ медорад, баръакси матои сиёҳ, ки гармиро ба худ мегирад.
Рангҳои хокистарӣ, зард ва сурх низ барои нигоҳ доштани ҳарорати бароҳатии бадан кӯмак мекунанд. Рангҳои гулобӣ, норинҷӣ ва ранги бунафшӣ норавшананд. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки аз онҳо канорагирӣ кунед.
Натиҷаҳои манфиро, на танҳо бо ранги сиёҳ, балки бо рангҳои кабуд, ки гармиро низ ҷалб мекунанд, нишон доданд. Пас, дар гардероби тобистонаи шумо бояд либосҳои рангашон сафед, зард, гулобӣ, сурх бештар бошад, зеро онҳо гармиро ҷалб намекунанд ва ин тавсияро амалӣ кардан осон аст, зеро аксари чизҳои тобистона бо рангҳои номбаршуда дӯхта мешаванд.
Ба навъи матоъ низ диққат додан лозим аст. Масалан, либоси пахтагин имкон медиҳад, ки ҳаво аз он гузарад ва пӯст нафас гирад, дар ҳоле, ки матоъҳои катонӣ, на танҳо ҳарорати аслии баданро нигоҳ медоранд, балки дар ҳавои гарм онро хунук мекунанд.