Солҳои охир пӯшидани либосҳои варзишӣ торафт мӯд шуда истодааст. Пештар, агар танҳо варзишгарон чунин либоси махсусро ба бар мекарданд, имрӯз ҳатто занону духтарони хонашин низ ба ҷойи туфлӣ крассовкӣ ва ба ҷойи курта либоси варзишӣ ба тан мекунанд.
Аммо интихоби либоси варзишӣ нозукиҳои худро дорад. Аз ҳамин хотир мо қарор додем дар ин бора каме маълумот диҳем. Либосҳои варзишӣ кадомҳоянд? Ба категорияи либоси варзишӣ маҳсулоти саноати сабук, ки барои варзиш ва машқҳои ҷисмонӣ истифода мешаванд, дохил мешаванд. Инҳо футболкаҳо ва болопӯшҳо, шимҳо ва "шортҳои велосипед", шортҳои теннис ва ғайра мебошанд.
Либоси варзишӣ либоси махсус барои фаъолиятҳои варзишӣ мебошад, вале дӯстдорони варзиш низ метавонанд онро ба бар намоянд, зеро ин навъи либос хеле сабук ва қулай мебошад. Брендҳои машҳури варзишӣ Варзишгарони касбӣ аксар вақт либосҳои дорои логотипи машҳурро интихоб мекунанд.
Ба монанди:Nike,Adidas, Puma... Мехоҳед донед, ки ин брендҳо чи хусусият доранд ва либосҳое, ки онҳо истеҳсол мекунанд, чи бартарӣ дорад? Nike (ИМА) Ин ширкати амрикоӣ бо фурӯши солонаи либоси варзишӣ ба маблағи 30 миллиард доллар дар садри рейтинг қарор дорад. Муваффақияти бренд аз истеҳсоли ин намуди либос дар тамоми соҳаҳои варзиш ба даст омадааст.
Либосҳо бо ин тамға барои намудҳои зерини варзиш дӯхта мешавад : футбол, баскетбол,теннис, голф, варзиши сабук ва ғайра. Шумораи мухлисони бренд мунтазам меафзояд. Adidas (Олмон) Ин ширкати олмонӣ як корпоратсияи калон аст, ки 25 ширкати дигарро дар бар мегирад. Мутахассисони он масолеҳи технологиеро, ки дар маснуоти дузандагӣ истифода мешаванд, дубора кор карда, баъд истифода мебаранд. Ин бренд либосҳоро дар категорияҳои зерин истеҳсол мекунад:
-Барои шахсоне, ки бо варзиш ба таври касбӣ машғуланд
-Лавозимот барои ҳар рӯз ва тарбияи ҷисмонӣ
-Либосҳои махсус барои туризм
-Таҷҳизот барои лижаронӣ ва кӯҳгардӣ
Агар харидор Adidas-ро интихоб кунад, ин маънои онро дорад, ки либоси ба фарсудашавӣ тобовар, аз ҷиҳати технологӣ пешрафта, хулоса маҳсулоти баландсифат мегирад. Puma (Олмон) Ин бенди олмонӣ дар дигар кишварҳо - Испания, Амрико, Фаронса филиалҳои худро таъсис додааст. Ширкат либос, пойафзол ва дигар лавозимоти варзишро барои тамоми дӯстдорони варзиш истеҳсол мекунад.
Маъруфияти бренд аз истифодаитехнологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсоли маҳсулот бармеояд.
StormCell муҳофизатро дар шароити обу ҳавои бад таъмин мекунад;
Contec як нассоҷии сабук ва пойдор аст, ки метавонад намии зиёдатиро дур кунад;
DuraBase обногузар ва тобовар аст.
Ба шарофати ин хосиятҳо дӯстдорони либосҳои варзишӣ бештар маҳсулоти тамғаи “Puma”-ро интихоб менамоянд. Аҳамияти либоси варзишӣ Либоси варзишӣ роҳат ва хеле сабук аст. Он ба шумо имкон медиҳад, ки дар ҳама мавсим худро бароҳат ҳис кунед, бар замми ин, касро аз обу ҳавои бад ва хатари бардоштани ҷароҳат муҳофизат мекунад.
Қобили қайд аст, ки либоси варзишӣ хеле шинам ва зебо буда, бо ин навъи либос кас ба назар хушқаду қомат менамояд. Хусусиятҳои хосаи либоси варзишӣ, ки онро аз либосҳои ҳаррӯза фарқ мекунонанд, инҳоянд:
Истифодаи маводи махсуси технологӣ (пӯсти нарм, мембрана, флин, матоъҳои термикӣ);
Буриши анатомӣ, таъмини гаштугузори бароҳат ва озодии ҳаракат (либоси бефосила, дарзҳои ҳамвор);
Вазн ва ҳаҷми кам (дар зимистон бо либоси варзишӣ кас беҳтар гам мешавад.) Ба назар гирифтани хусусиятҳои иқлимӣ (мустаҳкаму чандир будан, винтелятсия, ҳимоя аз намӣ ва шамолкашӣ)