Хабари сар задани як садамаи вазнин дар рӯзи аввали моҳи шарифи рамазон ҳафтаи гузашта дар тамоми шабакаҳои интернетӣ паҳн гашта, дар байни мардум сару садоҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Хурду калон дар бораи автобусе ҳарф мезаданд, ки якбора 7 мошини таксиро зер кардааст.
Баъдтар маълум гашт, ки бо сабаби бехобӣ ва хастагии зиёд ронандаи автобусро дар сари чамбарак хоб буда, ба чунин фалокат гирифор гаштааст. Хушбахтона, бар асари ин садама касе зарари ҷисмонӣ надидааст, вале ба гардани ронандаи автобус қарзи калоне бор шуд. Соҳибони 7 таксии бар асари садама осеб дида аз ронандаи автобус таъмир кардани мошинҳояшонро талаб менамуданд. Барои як ронандаи одӣ пайдо кардани 315 ҳазор сомонӣ барои таъмири мошинҳои зарар дида ниҳоят душвор ва ба қавле “кори ношуданӣ” буд, вале...
Блогери тоҷик Қурбон Неъматов дар чунин рӯзҳои сахту сангин ба ронандаи автобус дасти ёрӣ дароз намуда, шоми 10-апрел дар Ютуб хабар дод, ки ҳамагӣ дар байни ду рӯз мардум барои Назар Назаров, ронандаи автобуси хатсайри 33, ки якбора 7 таксиро зада буд, маблағи калони хайрия ҷамъ карданд.
Пули ҷамъ шуда ба қавли Қурбон Неъматов ҳам барои таъмири автобусу мошинҳои осебдида ва ҳам барои сохтани як манзили нави замонавӣ баҳри ронандаи ба фалокат дучор гашта кифоят мекунад.
Назар Назаров, ронандаи автобуси ба садама дучор гашта, ки ниҳоят камбағал буда, ҳамроҳи волидони пираш дар як кулбачаи фақирона зиндагӣ мекард, акнун натанҳо аз қарз халос мешавад, балки соҳиби хонаи нави замонавӣ низ мегардад.
Қурбон Неъматов ва рафиқонаш шоми 10 апрел ба хонаи Назар Назаров рафтаанд ва дарзаҳои пулро пеши ронанда партофта гуфтанд, ки ин танҳо кӯмаки аз мардум ҷамъ шуда аст ва ширкати “Рахш-таксӣ” 315 ҳазор сомонӣ қарзи Назар Назаровро барои таъмири мошинҳои дар садама зарар дида пардохт хоҳад кард.
“Ширкати “Рахш такси” (Таксии 3333) таъмири мошинҳоро пурра ба дӯши худ гирифтааст. Мо ҳамроҳи акаи Назар меравем ва он пулҳоро як-як байни ронандагони таксиҳои осебдида тақсим мекунем”-мегӯяд , блогер Қурбон Неъматов.
Падари солхӯрдаи ронандаи автобуси ба садама дучор гашта дар ҳаққи мардуми хайрхоҳе, ки дар чунин рӯзҳои сахт дасти писари ӯро гирифтанд, дуои нек карда, ба Қурбон Неъматов ва роҳбари ширкати “Рахш-таксӣ-3333” изҳори миннатдорӣ намуд.