arzon replenishment
Раиси вилояти Суғд ба Инобат Ӯлмасова чӣ ваъда дод?
1141

 

Инобат Ӯлмасова яке аз шахсиятҳоест, ки дар бунёд намудани иншоотҳои таълимӣ, тиббӣ ва дигар ободонии диёраш саҳми бозсазое гузоштааст.

photo_2022-05-03_08-56-07 - копия

Муддати 50-соли фаъолияташ дар самтҳои гуногуни ҷомеа тавонистааст барои пешрафти соҳаи маориф ва тандурустӣ, ки яке аз самтҳои муҳими кишвар маҳсуб меёбад, нақши босазое гузорад. Имрӯзҳо баҳори 80-солагиашонро дар ҳалқаи фарзандону наберагон ҷашн мегиранд ва мо низ аз ин фурусат истифода бурда, ба эшон суҳбате доштем, ки манзуратон медорем.

Ман фарзанди ду миллатам ва бо ин ифтихор дорам"

photo_2022-05-03_08-55-59 - копия

Инобат Ӯлмасова, зодаи ду миллати ба ҳам дӯст ва ҳамсарҳад буда, бибии падариаш аз шаҳри Самарқанд ба Тоҷикистон омада, инҷо бо марди тоҷик оиладор мешавад. Падараш Ӯлмас Ҳусейнов хизматчии давлатӣ буда, фарзандонашро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва созандагӣ тарбия намудааст. Талошҳои ӯ барои ободии меҳан, аз ҷумла барои аз байн бурдани маҳви бесаводӣ назаррас мебошад.

Қаҳрамони мо мегӯяд: маҳаки асосии дастовардҳои ман дар замони раисиям буд, ки маҳз тарбияи дурусти хонаводагӣ, яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Шукргузорӣ аз роҳбарони ҳар ду давлати ба ҳам дӯст ва тинҷиву оромӣ муносибатҳои тӯлонии ду миллат аз нав барқарор гашт.

Аз омӯзгори одӣ то раиси ҷамоат

Инобат Ӯлмасова таҳсилдидаи риштаи "физика - математика" буда, фаъолияти педагогии худро дар шаҳри Истаравшан оғоз намудааст.

Аз савияи дониши ин бону босавод устодони донишгоҳ баҳои баланд дода, хоҳиш мекунанд, ки таҳсилашро идома диҳад. Вале бо сабаби норасоии омӯзгори фанни дақиқ, ӯро дар мактаб ҳамчун омӯзгор қабул мекунанд. Фаъолияти шабонарӯзии ин бонуи ташкилотчӣ дар як муддати кутоҳ миёни роҳбарони ҷамоат панҳ гашта, ӯро дар ҷомоати деҳоти Пошкент ҳамчун раиси комиҷроия интихоб намуданд. Ӯ дар баробари раиси намудан боз дар муассиса шогирдонро тарбият мекард.

Тавре худи қаҳрамони мо нақл мекунад:

"Новобаста ба он ки ҳоло ҷавон будаму кӯдаконам хурдсол дар ду ҷой фаъолият мекардам. Вақти ҷудо намудаам ҳам ба корҳои оиладорӣ ва ҳам ба корҳои ҷамоат расидагӣ мекард.

Оё барои шумо ҳам тарбияи фарзанд ва ҳам кори ҷамоат мушкил набуд?

Албатта не! Зеро вақте инсон ба коре ҳиммат мебандад ва аз сидқи дил кӯшиш мекунад ба ҳама кор фурсат пайдо мекунад. Инсони қавиирода дар як муддати кутоҳ мавқеи худро касб карда, ба вазифаҳои гуногуни пешбарӣ намудан, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеа ба ӯ бовар дорад.

эээ - копия

Мактабу бунгоҳ сохтам...

Солҳое, ки дар вазифаи раисии ҷамоати деҳоти Чорбоғ ифои вазифа мекардам, бо таври ҳашар барои мардум мактаб, бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва ҷойҳои маишӣ сохта ба истифода додем, то ки мушкилии сокинон то андозае бартараф шавад. Ҳамин тавр бо дастгирии мардуми ободкору дар деҳаҳои Варсиқу Найман низ мактабу бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода додем ва аз ин ободкорӣ мардум он қадар хушнуд гашта буданд, ки хурсандиашонро ҳадду канор набуд. Чанд сол дар ин самт, манзурам раиси ҷамоат фаъолият доштед?

Бист сол ман дар вазифаи раисии ҷамоат фаъолият намудам ва то қадри тавон барои давлату миллатам хизмат намудам. Имрӯзҳо низ он муассиса, бунгоҳи тиббӣ, таваллудхона маконҳои маишӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар хизмати мардуманд.

 

ррр - копия

Аёдати раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар иду ҷашнҳо ба аёдати пиронсолон махсусан собиқадорони меҳнат рафта, онҳоро қадрдони менамояд.

Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд низ дар сафарҳои кории худ дар шаҳру навоҳии вилоят, ба аёдати собиқадорони меҳнат меравад.

Инобат Ӯлмасова, аз ин вохӯриҳои ёдоварӣ карда мегӯяд, ки "Ман аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорам, ки мо барин собиқадорони меҳнатро қадршиносӣ менамоянд. Ва ҳеҷ гоҳ мо эҳсоси танҳоӣ ҳис намекунем. Рӯзе ки қудуми мубораки раиси вилоят мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Чорбоғ расид, тамоми аҳли деҳаро як хурсандие фаро гирифт. Фикр кардам аз дидори ин шахси наҷиб даҳ сол ҷавон шудам. Он кас ба хонаи мо ташриф оварда, нуру зиё бахшиданд.

Раиси вилоят чӣ ваъда дод?

 

Инобат Ӯлмасова бо фараҳмандӣ аз вохӯрӣ бо Раиси вилояти Суғд ёдоварӣ карда гуфт, ки вақте Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи ӯзбекистонӣ буданам огаҳ гашт, агар ин дафъа Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ташриф биёрад, ҳатман ӯро бо ӯ вомехӯронанд. Тасаввур намекунед, ки чӣ қадар хушҳол гаштаам ва интизорӣ ин вохӯрӣ ҳастам.

Аввалин ҷоиза аз ҷониби аввалин Президент

Вақте шахс дар обод намудани гӯшаи диёраш саҳм мегузорад, заҳматҳои аз назари давлату ҳукумат дур нахоҳад монд. Меҳнату созандагиҳои ин бонуи шуҷоъ ва бунёдкор низ аз мади назарҳо дур намонда, соли 1990 аз ҷониби Раиси Совети олии РСС Тоҷикистон Қаҳҳор Махкамов бо "Грамотаи Фахрӣ" сарфароз гардонида шуд. Тавре дар суҳбат қайд кард, ки дар ҳар иду ҷашнвора даъват намуда, бо туҳфаҳо қадрдонӣ мекунанд.

Кормандони сомонаи ОИЛА ТҶ ба ин бонуи ободкору ташаббускор тани сиҳату умри дароз таманно намуда, орзу доранд, ки ҳамеша дар ҳалқаи фарзандон, наберагону аберагон ва хешону пайвандон боқӣ бимонад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД