Arzon march 2024
Раиси вилояти Суғд ба 120 варзишгарону мураббиён стипендия ва мукофот дод
271

Раиси вилояти Суғд ба 60 нафар варзишгарони муваффақи вилоят барои дастовардҳои варзишиашон дар соли 2024 дар ҳаҷми аз 1200 то 3600 сомонӣ стипендия дод.

Дар баробари варзишгарон ҳамчунин барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи варзиш, тарбияи шогирдон ва муаррифии шоистаи мамлакат дар мусобиқа ва чемпионатҳои сатҳи ҷаҳонӣ 60 нафар мураббиён ва собиқадорони соҳа бо Сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.

Соли равон варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои гуногуни вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, ба гирифтани 1 ҳазору 320 медали тилло, 1 ҳазору 250 медали нуқра ва 1 ҳазору 530 медали биринҷӣ сазовор гаштаанд.

Дар вилоят ба рушду нумӯи варзиш диққати хоса дода шуда, давоми соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 57 иншооти варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва дигар сарчашмаҳо сохта ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. Бунёди садҳо иншооти дигар босуръат идома дорад.

Бо шарофати мавҷуд будани иншооти хурду бузурги варзишии ба талаботи сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ имсол дар вилоят чандин мусобиқаҳо ва чемпионатҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бо фарогирии беҳтарин варзишгарон аз хориҷи дуру наздик баргузор карда шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД