arzon replenishment
Раиси вилояти Хатлон ба ветеранҳои ҶБВ мукофот дод
09.05.2024
ОИЛА
472


Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар арафаи 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм хотири ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро шод гардонд.

Аз 24 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки имрӯзҳо дар қайди ҳаёт мебошанд, 10 нафарашон дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд. Роҳбарияти вилоят дар арафи Рӯзи Ғалаба хотири ветеранҳоро шод гардонида, ба ҳар як иштирокчии он ҷанги хонумонсӯз 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дод.
Айни замон дар Бохтар 2 нафар, Ҷайҳун 2, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор ва ноҳияи Ховалинг якнафарӣ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар ин бора Pressa.tj дар такя ба гуфтаҳои Муқим Комилзода, котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтари вилояти Хатлон хабар дода, афзудааст, ки ҳамзамон аз ҷониби масъулини ташкилоту идораҳои давлатӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ба иштирокчиёни Ҷанги Бузургӣ Ватани кӯмаки молӣ расонида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД