Дар вилояти Хатлон бо мақсади расидагӣ ба мушкилоти мардум телефони бовариро фаъол гардониданд. Акнун сокинони ин минтақа метавонанд дарду мушкилоти худро тариқи ин рақам ба раиси вилоят расонанд.
Шуъбаи иттилоотии вилояти Хатлон хабар додааст, ки телефони боварии раиси вилояти Хатлон бо рақами (+992) 979-16-16-16 дар шабакаи Whatsapp (Вотсапп) ташкил шудааст. Тавассути ин рақам шаҳрвандон метавонанд камбудиву мушкилоти ҷомеаро тариқи матн ва аксу навор ба роҳбарияти вилояти Хатлон фиристанд. Масъулин вазифадор карда шудаанд, ки барои ислоҳи камбудиҳо фавран чораҳои зарурӣ андешанд. Аз натиҷаи баррасии муроҷиат ба шаҳрванд хабар расонида мешавад.
Гуфта шудааст, ки мақсад аз фаъол гардонидани рақами алоҳида беҳтарсозии кор ва огоҳӣ ёфтан аз мушкилоти мардум мебошад.