Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Мироҷ (Меҳроҷ) Абдуллоев дирӯз аз дунё даргузашт. Ҷанозаи марҳум имрӯз, 8-уми апрел дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.
Абдуллоев 9 сол инҷониб Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард ва 78 сол дошт.
Мироҷ Абдуллоев 15-уми августи соли 1948 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омада, дастпарвари Институти давлати педагогии шаҳри Кӯлоб ва Академияи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС дар шаҳри Маскав буд. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгор аз мактаби миёна оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор кард. Соли 2001 нозири калони шуъбаи дуюми Раёсати кофтукови ҷиноии Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ таъин шуд ва то соли 2004 ифои вазифа намуд. Аз соли 2005 то 2011 ҳуқуқшиноси ҳукумати шаҳри Кӯлоб, солҳои 2016-2017 намояндаи ташкилоти ҷамъиятии хайриявии байналмилалии “Ҳомиёни Ватан” дар шаҳри Кӯлоб ва ҳамзамон Котиби аввали Кумитаи ҲКТ дар ин минтақа буд.
Моҳи апрели соли 2017 баъди аз курси канор рафтани раиси пешини Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов Абдуллоев роҳбари ин ҳизб интихоб шуда, солҳои 2020-2025 вакили парлумон буд.