Arzon march 2024
Раддабандӣ: 3 паҳлавони тоҷик миёни 10 гӯштингири беҳтарини ҷаҳон
271

Дар раддабандии нави Иттиҳодияи ҷаҳонии гӯштин се варзишгари тоҷик миёни 10 гӯштингири беҳтарини вазни худ қарор гирифтаанд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ин бори нахуст мебошад, ки 3 намояндаи Тоҷикистон ҳамзамон дар байни беҳтарин гӯштингирони вазни худ дар ҷаҳон мавқеъ гирифтаанд.

Дар болотарин ҷойгоҳ паҳлавони тоҷик Абдулмаҷид Кудиев бо 31 ҳазор имтиёз дар ҷойгоҳи 4-уми вазни 70 кг, Виктор Рассадин бо 36 ҳазор имтиёз дар ҷойгоҳи 5-уми вазни 74 кг ва Магомет Евлоев бо 17 ҳазор имтиёз дар ҷойгоҳи 9-уми вазни 79 кг гӯштини тарзи озод қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки Абдулмаҷид Кудиев 31-уми октябр дар шаҳри Тиранаи Албания дар Чемпионати ҷаҳони вазнҳои ғайриолимпӣ оид ба гӯштини тарзи озод бо мағлуб кардани рақибон ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардида буд.

Пас аз 17 сол Кудиев барои Тоҷикистон медали биринҷии Чемпионати ҷаҳонро соҳиб шуд. Қаблан, ин дастовард марбути номи Юсуф Абдусаломов буд, ки соли 2007 дар Чемпионати ҷаҳони Боку ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардида буд.

Паҳлавони дигари мо Виктор Рассадин тобистони имсол дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз Черман Валиеви албанӣ бо ҳисоби 2:6 мағлуб шуда, бе медали олимӣ монд.

Қобили зикр аст, ки Виктор Рассадин пас аз 12 сол ягона намояндаи Тоҷикистон аз гӯштини тарзи озод дар Бозиҳои олимпӣ буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД