arzon replenishment
Раҷабгул Қосимова: Хушдомани ман зани биҳиштӣ буд!
10.03.2024
Рустам
743

 

Раҷабгул Қосимоваро дар саросари Тоҷикистон нафаре нест, ки надонаду нашиносад. Ба ҳунари актёрии Раҷабгул Қосимова санъатшиносон ва худи мардум кайҳо баҳои сазовор додаанд, вале ин навбат мо мехоҳем дар бораи ҳунари кадбонугии ин зани машҳур ба шумо қисса кунем.

-Аксари духтарҳоро бо сабаби беҳунарӣ аз хонаи шавҳар меронанд. Росташро гӯед, пеш аз ба шавҳар баромадан ягон бор дегу кафлезро ба даст гирифта будед?

-Ман хеле кӯчак, тақрибан 8-9 сола будам, ки падарам ба хона меҳмони олиқадреро оварданд. Азбаски модарам дар таввалудхона буданд, касе набуд, ки барои меҳмон хӯрок пазад.

-Меҳмонро дили гурусна гусел намудед?

-Не, албатта. Меҳмонро гурусна гусел кардан таомули тоҷикона нест. Падарам ба ман муроҷиат намуда гуфтанд: «Очаҷон, шумо ягон бор угро бурида будед?» Гуфтам, ки як бор модарам ба ман угро буриданро ёд дода буданд. «Ин тавр бошад, дасту остинатонро бар занед»,- гуфтанд падарам ва маро дар назди меҳмон хуб таърифу тавсиф намуда, ҳунарманд хонданд. Барои он, ки падарам дар назди меҳмон ба қавле «подводит» нашаванд, ман тамоми ҳунарамро сарф карда угро пухтам.

-Пиёзу намакашро фаромӯш накардед?

-Не, меҳмон угрои пухтаамро баҳ-баҳкунон хӯрд.

-Кам касоне ҳастанд, ки дар синни 8-9 солагӣ хӯрок пухта тавонанд. Хайрият, ки ягон ҷоятонро насӯзонидаед.

-Ба сӯзондан-ку насӯзондам, вале ангуштамро ҳангоми буридани угро бо корди тез чунон чуқур буридам, ки изаш то ба ҳол нарафтааст!

-Мегӯянд, ки духтари ҳангоми хӯрокпазӣ дасташро бурида кадбонуи моҳир мешавад!

-Шояд, шояд чунин бошад.(механдад)

-Вақте арӯс шуда ба хонаи шавҳаратон омадед, хушдоманатон ба ҳунари кадбонугиатон ягон эрод нагирифтанд?

-Ман як хушдомани биҳиштӣ доштам. Он кас ҳам хушрӯй буданд, ҳам хушбӯй баданд ва ҳам ороставу пероста. Назарашон ҳар чизро намегирифт, лекин ҳеҷ вақт эроди сахт намегирифтанд. Вақте ки ман барои аҳли хонавода хӯрок мепухтам, он кас як бор оҳистаяк аз пасам мегузаштанду ба дег нигоҳ карда «келинҷон, инашро пеш аз ваяш меандохтед, хубтар мешуд», -гуфта ба маҳсулотҳо ишорат менамуданд. Танҳо дар пухтупаз не, умуман дар зиндагӣ чӣ хатогиҳое, ки аз мо, келинҳо сар занад, бо нармӣ мефаҳмонданд.

-Шумо дар ҷавониатон ниҳоят зебо будед…

-Ҳоло ҳам бад нестам. (механдад)

-Албатта-албатта! Мо ба ин ягон зарра шакку шубҳа надорем. Фақат мехостем донем, ки чӣ тавр дили шавҳаратон шудааст, ки барои ба саҳна баромадани чунин париваш иҷозат диҳанд?

-Он кас натанҳо иҷозат доданд, балки дар ҳама кор ба ман кӯмакрасон буданд, чӣ дар рубучин бошад, чӣ дар хӯрокпазӣ.

-Ба сари шавҳарам зӯр будам, гӯед?!

-Не, дар хонадони мо гапи мард қонун буд, вале ман, ки дар театр кор мекардам, аз саҳар то шом бо корҳои эҷодӣ банд мешудаму дастам ба баъзе корҳои рӯзгор намерасид. Барои ҳамин шавҳарам кам-кам ба ман кӯмак мерасонданд. Тақозои ҳаёт ҳамин аст, зан ба марду мард ба зан мадад нарасонад, аробаи зиндагӣ пеш намеравад.

-Дар хонаатон меҳмон шавем, чи мепазед?

-Бароятон угропалав мепазам.

-Магар барои меҳмон угро мепазанд?

-Шумо аввал як маротиба маззаи угрои пухтаи маро чашед, ана баъд худатон талаб мекунед, ки боз бароятон угро биёрам. Касе мисли ман угро пухта наметавонад!

-Ин тавр бошад, тарзи тайёр карданашро бигӯед, то хонандагони мо ҳам ёд гиранд!

-Бо ҷону дил!

Барои тайёр кардани угро чунин маҳсулот лозим аст:

орд, равған, гӯшт, нахӯд, пиёз, сабзӣ ва намаку преправаҳои хуштамъкунанда. Аввал угроро бо даст бурида хушк мекунонем. Угрои тайёршударо дар дег бирён намуда, то сурх шуданаш дар равғани тафсон нигоҳ медорем, сипас аз равғану пиёз ва гӯшту сабзӣ зирбак тайёр мекунем. Угроро тар карда, обашро меҷабем, баъди хушконидан боз дар деги оби ҷӯшида дошта меандозем ва нахӯдро илова намуда, чӣ гунае, ки оши паловро аз биринҷ тайёр мекунанд, ҳамин хел угропалов мепазем. Баъди 30 дақиқа угропалови мо омода мешавад. Ногуфта намонад, ки угро угрои оддӣ нест. Дар тарабхонаҳо нархи чунин угро 200$ аст.

-Барои суҳбати аҷиб ва хӯроки олиҷаноб як ҷаҳон ташаккур!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД