Formula novemver 2024
Путин шаҳрвандони хориҷиро ба артиш ҷалб мекунад?
904


Дирӯз президенти Федератсияи Россия Владимир Путин фармони нави худро дар бораи тартиби адои хидмат ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русияро ба имзорасонид.

Ҳуҷҷати мазкур дар портали иттилооти ҳуқуқӣ ҷойгир карда шудааст.
Президенти Русия бо ин фармон ба Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ, ки аз 16 сентябри соли 1999 тасдиқ шудааст, тағйирот ворид менамояд. Дар ҳуҷҷат аз ҷумла чунин омадааст:
«Ин муқаррарот тартиби адои хизмати ҳарбиро дар замони осоишта аз ҷониби шаҳрвандоне, ки шаҳрвандии (шаҳрвандии) давлати хориҷӣ, иҷозатномаи иқомат ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ҳуқуқи истиқомати доимии шаҳрванд дар қаламрави давлати хориҷӣ доранд, ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар замони осоишта муайян мекунад...”
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 30 сентябр президинти Федератсияи Россия Владимир Путин фармони дигареро имзо карда буд, ки бар асоси он шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бетабаа, ки барои хидмати ҳарбӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Русия қарордод бастаанд, метавонанд ба таври содда шаҳрвандии Русияро дарёфт намоянд.
Бар асоси ин ҳуҷҷатҳо акнун хориҷиён метавонанд дар қатори русҳо барои хидмати ҳарбӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия шартнома банданд.

Бо имзои ин ҳуҷҷатҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки душаҳрвандӣ доранд, ба қавле байни аъроф мемонанд, зеро чунин ба назар мерасад, ки минбаъд шахсоне, ки душаҳрвандӣ доранд, ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд, ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябр шаҳрвандони худро, ки дар қаламрави Россия кору зиндагӣ мекунанд, пешакӣ огоҳ намуда буд, ки барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД