Arzon march 2024
Путин ба табиби тоҷик орден дод
2018

Як табиби тоҷик, ки дар Русия кор мекунад, барои корнамоиҳояш дар давраи пандемия бо орден қадрдонӣ карда шуд.
Тавре расонаҳои Русия хабар додаанд, дар қатори 60 корманди соҳаи тиб, Абдуллоева Сурайё Мамадшоевна, табиби собиқадори тоҷик, ки дар Русия фаъолият менамояд, бо фармони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо ордени Пирогов қадрдонӣ шудааст.


Абдуллоева собиқаи 35-солаи корӣ дошта, табиби кӯдакон ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад. Сурайё Мамадшоевна айни ҳол дар беморхонаи марказии ноҳияи Шатури вилояти Маскав фаъолият мекунад.


Ордени Пирогов ҷоизаи давлатии Русия мебошад, ки бо фармони раисҷумҳури ин кишвар аз 19 июни соли 2020 таъсис дода шуда, ба исми олиму ҷарроҳи рус Николай Иванович Пирогов номгузорӣ шудааст. Ин ҷоиза барои корнамоиҳо дар зимни ироаи кӯмаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, эпидемия, амалиёти ҷангӣ ва дигар ҳолатҳои хатарнок ба табибони Русия тақдим мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД