Arzon march 2024
Путин ба президентҳо туҳфаи солинавӣ дод
834

Роҳбарони 9 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз дасти Путин, Президенти Русия ба муносиботи Соли нави мелодӣ ангуштаринҳои махсуси рамзиро туҳфа гирифтанд. Дар ин бора АИР “Новости” иттилоъ додааст.

Гуфта шуд, ки нуҳ ангуштарини махсус бо рамзи ИДМ ҳамчун туҳфаи солинавӣ барои роҳбарони кишварҳои узви ин созмон омода шуда, туҳфаҳои солинавӣ дар нишасти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узв, аз ҷумла ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ тақдим гардид.

Дар мулоқоти ғайрирасмӣ сарони кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус иштирок доштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД