Ман зодаи шаҳри Ваҳдатам. Як сол боз дар шаҳри Маскав кор мекунам. Кори вазнин мекунем ва азобу шиканҷаи бисёр мекашем, вале касеро парвои ҳоли зори мо, муҳоҷирон нест.
Ба ҷуз худамон дигар касе ғамамонро намехӯрад. Ноҷурии зиндагӣ ва каму кости рӯзгор моро ба ғурбат оварда буд, аз ин сабаб маҷбурам, ки ба ҳамааш тоқат карда, миёнамро маҳкам баста, аз паси кори вазнини қоматшикан шавам. Ақалан касе мебуд, ки дар тахт кардани ҳуҷҷатҳо кӯмакамон мекард.
Афсӯс, ки дар ғарибӣ дарди ғарибиро ба ҷуз ғариб дигар касе шунидану фаҳмидан намехоҳад. Ду моҳ бо азобҳои алим кор карда, чор танга пул ҷамъ мекуниву ҳамааш сарфи ҳуҷҷат сохтан мешавад. Худо кунад, ки фиреб нахӯрӣ, вагарна ҳуҷчатҳои қалбакӣ сохта диҳанд, ҳам пулат месӯзаду ҳам дар кашмакаши милисаҳои рус мемонӣ. Документ надошта бошӣ, аз дар баромада наметавонӣ, чунки сари ҳар қадам «сиёҳ» гуфта, нигоҳ медоранд. Барои хурду хӯрок, сару либос, иҷорапулӣ аз нисф зиёди маошат сарф мешавад, бар замми ин, аз хона зуд-зуд занг зада «пул фирист» мегӯянд. Гумон мекунанд, ки дар Русия дарахти пул мерӯяду ҳар қадаре дилат хоҳад, бемалол чида ба падару модар ва зану бачаҳоят мефиристӣ! Ҳафтае нест, ки орду равған тамом шуд, гуфта, ҳамсаронамон моро безобита насозанд.
Ғурури мардӣ намегузорад, ки пул нест бигӯйӣ, ночор лабамонро зери дандон гирифта, сарамонро ба сад дар мезанем, то ба хона маблағ фиристем. Намедонам, занҳои тоҷикӣ мо ин қадар пулро куҷо мекунанд. Ба фикрам пояшонро ба пойи занҳои бойбачаҳо дароз карда, ҳар матои нави дар бозор пайдо шударо дарҳол мехаранд, то аз мӯд қафо намонанд. Худашон, ки кор накардаанд, албатта, ба қадри пул ва меҳнати шавҳар намерасанд, занҳои тоҷики мо. Андеша намекунанд, ки бечора мард ҳам одам аст ва ҷони зинда дорад. Рӯзамон дар хуникиҳои Русия бо азоб гузашта истодаасту касе парвои саломатии моро надорад. «Ба зану кӯдакони мо шавҳару падар не, пул даркор аст, пул» гуфтанӣ рафиқам Абдулхайро шунида, ғамгин шудам.
Зани серҷоғи Абдулхайр аз занҳои ҳамсоя дар дастурхону лаъливу лаганддорӣ ва сару либос қафо намонам гуфта, ҳар ҳафта занг зада, мардаки бечораро хунҷигар мекунад. Занҳои дигар муҳоҷирони ҳамроҳам буда низ, аз зани Абдулхайр монданӣ надоранд. Мудом пул мепурсанд, гӯё Худованд мардро танҳо барои пул ёфтан, офарида бошад. Ба ҳама занҳои тоҷик гуфтаниям:
Модарон, хоҳарон ва бонувони азиз! Мо мардҳо барои шумо ба ҳама мушкилоти мулки ғурбат, дар ин айёми КАРАНТИН, дар вақти пандимеяи одамкуш тоқат карда, кор карда истодааем, то заррае бошад ҳам, зиндагиятон пеш равад, на барои айшу нӯшу кайфу сафо. Худатон як бор омада азоби моро бо чашми саратон бубинед, баъд ба қадри писару бародару шавҳаронатон мерасед. Илтимос, ақлатонро кор фармуда, харҷу хароҷоти бемаъниро камтар кунед, то мо падару бародару шавҳаронатон аз ҷабри корҳои вазнин ва сардиҳои мулки рус саломатиашонро аз даст надода, бо пули кам бошад ҳам, зиндаву солим ба наздатон баргарданд.
Ғарибои Расия ҳам пул надоране,
Аз дасти ту бори занак ҳол надоране,
Ҳамашон зиқ дар ғарибӣ киссашон холӣ,
Бисёриша бипурс ҳозир кор надоране.
Бепулӣ, бепулӣ, намеша инхелӣ,
Меган бра пул биёв, намеган чихелӣ?!
Муҳаммадалӣ Латифзод, аз деҳаи Мачитони ш. Ваҳдат, айни ҳол муҳоҷири ш.Маскав.