Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳисоб кардан (шуморидан)-и пул ба ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонии инсон таъсир мерасонад.
Ҳисоб кардани пул рӯҳияи инсонро боло мебарад, истеҳсоли гормони хушбахтӣ - серотонинро дар бадан бармеангезад. Вақте таҳлили хуни одамоне, ки корашон ба ҳисобкунии пул марбут аст, омўхта шуд, маълум гардид, ки онҳо нисбат ба дигарон ҳуҷайраҳои иммунии бештар доранд.
Аз ин рӯ, пулро зуд-зуд ҳисоб кардан лозим аст. Фарқ надорад, ки пул аз они шумост ё ягон каси дигар. Ин «муомилаи махсус» ба одам табъи хуш бахшида, боварии шахсро ба худ бештар месозад.