Салом! Вақтҳои охир ман тез-тез пул хоб мебинам. Гоҳ дар хобам пул меёбам, гоҳи дигар пул гум мекунам. Модарам мегӯянд, ки пул хоб дидан чандон хуб несту аз сар задани моҷаро дар хона гувоҳӣ медиҳад, аммо дӯстонам баръакс бар он ақидаанд, ки ба наздикӣ дар ҳаёти ман ягон ҳодисаи хуб рӯй дода, бою бадавлат мешавам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.
САЙМУЪМИН, аз шаҳри Кӯлоб
Посух:
- Пул хоб дидан фоли нек аст. Дар хобномаҳо омадааст, ки агар шахс тез-тез пул хоб бинад, дар ҳаёташ тағйиротҳои хуб ба амал омада, соҳиби даромади калон мегардад ва бою бадавлат мешавад. Аммо гум кардани пул дар хоб чандон хосияти нек надорад. Касе, ки чунин хоб мебинад, агар бо тиҷорат сарукор дошта бошад, тиҷораташ касод гашта, ба қавле “бонкрот” мешавад, ба доми қаллобом афтида, пулу молашро аз даст медиҳад ё хонаашро дузд мезанад. Гум кардани пул дар хоб нишонаи ба ягон беморӣ гирифтор шудан низ буда метавонад.
Мард хоб бинад, ки дасташ пур аз пул аст, тақдир имконияти амалӣ намудани орзуҳояшро фароҳам меорад ва метавонад тиҷорати худро боз намояд, корхона кушояд ё бо кори дигаре, ки даромади хеле хуб меорад, машғул шавад.
Хоб бинед, ки аз касе пул қарз гирифта истодаед, ҳушёр бошед, зеро чунин хоб як навъ огоҳӣ аст, ки шахси хобдида харҷу хароҷотҳои бемаънӣ карда истодааст ва агар ислоҳ нашавад, ба гирдоби қарз меғӯтад.
Мард хоб бинад, ки ба зане пул дода истодааст, ба зудӣ хонадор мешавад. Ёфтани пул дар хоб гувоҳи он аст, ки шумо ба орзуи деринаатон расида, мард ё зани мехостаатонро пайдо мекунед.
Ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, ки ёфтани пулҳои дарида дар хоб таъбири хуб надошта, аз сар задани мушкилот дар ҳаёти шахси хобдида гувоҳӣ медиҳанд. Аммо пул додан ба дигарон дар хоб фоли нек мебошад.
Мувофиқи хобномаи исломӣ пул дар хоб рамзи осудагӣ ва ҳаёти хушу хуррам аст. Кас хоб бинад, ки дар дасташ як қабза пул дорад, баъди чунин хоб ба кадом коре, ки даст назанад, агар каме кӯшиш ба харҷ диҳад, кораш барор гирифта, даромади хуб меорад.
Майда кардани пул дар хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида ба таври ногаҳонӣ аз ягон сарчашмае, ки ҳеҷ интизор набуд, даромади хуби пулӣ ба даст оварда, шоду хурсанд мешавад.