Sebiston new 2024 october
Пӯсти дар офтоб сӯхтаро чи гуна сафед кардан мумкин аст?
1419


Ман зани 35-солаи сафедпӯст ҳастам. Бо сабаби он ки вақти бештари худро дар берун, яъне таги офтоб мегузаронам, ҳар сол бо фаро расидани фасли тобистон пӯсти рӯям месӯзад.

Барои сафед кардани пӯстам аз малҳамҳои мағозагӣ истифода бурдан намехоҳам. Донистан мехоҳам, ки кадом мева, сабзавот ё маҳсулоти хӯрока пӯсти рӯйро сафед мекунонанд?
Хонандаи “Оила”.

                     Ниқоб аз бодиринг
Бидирингро барои тоза кардани пӯсти доғзада васеъ истифода мебаранд. Барои он ки бодиринг тамоми пӯсти рӯйро сафед кунад, онро аз турбтарош гузаронидан лозим аст. Ба бодиринги аз турбтарош гузаронидашуда сафедии тухм илова кунед, он гоҳ ниқоби тайёркардаатон аз пӯсти рӯй намерезад. Ба тахтапушт хоб карда, ниқобро ба пӯсти рӯй моледу 20 дақиқа нигоҳ доред. Натиҷааш дарҳол маълум мешавад.

                         Шарбати лимӯ
Шарбати як дона лимӯи тару тозаро ҷабида, бо истифода аз докача ё “спонж” онро ба пӯсти рӯй молида, се дақиқа нигоҳ доред. Агар пӯсти рӯй сӯхта бошад ё шамол кашида бошад, барои сафед кардани пӯст аз лимон истифода набаред.

              Ниқоб аз қаймоқ (сметана)
Маҳсулоти турши ширӣ дорои ҷавҳаре мебошанд, ки пӯсти рӯйро сафед месозад, вале назар ба лимӯ он безарартар аст. “Сметана”-ро бо асал аралаш карда, ба пӯсти рӯй молед, ҳам пӯстатон сафед мешаваду ҳам ботароват мегардад.

                            Ҷаъфарӣ
Ҷаъфарӣ (петрушка) гиёҳи хӯрданӣ ва фоиданоке аст, ки на танҳо пӯстро сафед, балки чину ожанг ва наракҳояшро низ нест мекунад. Ҷаъфариро маҳин реза кунед ё бо каме “сметана” аралаш карда, ба пӯсти рӯй молед. Ҳамзамон метавонед ҷаъфарии резаро дар оби ҷӯшидаистода тар карда, муддати 5-7 дақиқа дар оташи паст ҷӯшонед ва баъди хунук шуданаш онро барои шустани пӯсти рӯй истифода баред. Аз гиёҳоби мазкур пораҳои ях омода намуда, ҳар субҳ ба пӯсти рӯй молидан мумкин аст. Вале агар пӯсти рӯятон рагчаҳои сурх дошта бошад, беҳтараш аз ҷаъфарии яхбаста истифода набаред.

               Ниқоб аз йогурт ва помидор
Миқдори баробари помидори пухтаи латзада ва йогурти хонагиро омезиш дода, ба пӯсти рӯй моледу 30 дақиқа нигоҳ доред.

               Ниқоб аз қаймоқ ва афлесун
Як қошуқ қаймоқи ғафсро бо ҳамин миқдор шарбати навҷабидаи лимӯ омезиш диҳеду ба пӯсти рӯй молед.

                Ниқоб аз қулфинай ва шир
2 қошуқча шири хонагиро бо чор дона қулфинайи латзада омезиш диҳеду ба пӯсти рӯй молед.
Тамоми тавсияҳои додашуда на танҳо пӯстро сафед мекунонанд, балки онро ботаровату ҷавон месозанд. Ҳангоми истифода бурдани маҳсулоте, ки боиси аллергия мешаванд, масалан, меваҳои ситрусӣ, асал ва қулфинай эҳтиёт шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД